Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Фирӯзаи Саид: "Журналистӣ − кори мардона!"
Рӯзноманигорон аҷибанд. Гоҳе барои расонидани иттилое, сухане, дарде, паёме... ҳатто ҷони худро ба хатар мегузоранд, то ки мардум бохабар шавад, ҳамдард гардад, роҳи ҳал ҷӯяд ва барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.
Фирӯзаи Саид аз ҷумлаи ҳамин журналистон аст, ки дар солҳои нооромӣ барои ба гӯши шунавандаи радио ҳарфе расидан, талош мекард. Ӯ ба маънои том журналисти замони ҷангу нооромист.
Сомонаи Dialog.tj бо ин бонуи рӯзноманигор, ки дар ҳақиқат аз равиши рӯзгор ва ҷомеа огоҳӣ дораду наздики 34 сол мешавад дар соҳаи журналистика кор мекунад, суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
ПОРАИ ЯКУМ:
САРГАҲ
- Ба эҷод пайвастани шумо таъсири муҳит буд ё таъсири касе?
- Муҳите, ки ман ба воя расидам, эҷодӣ набуд, балки бештар майли тиҷорӣ дошт. Фикр мекунам, маншаи вобастагиву дилбастагиам ба пешаи рӯзноманигорӣ ин доштани истеъдоди Худододист. Ба дунёи эҷодӣ омадани ман шавқу рағбати худам аст. Ҳамин завқи зиёд ба сухану қалам буд, ки дар маҳфилҳои мактабӣ фаъол будам.
- Соли 1992 донишҷӯ шудед. Соле, ки дар кишвар акнун нооромиҳо оғоз мешуданд, оё аҳли оила зид набаромаданд?
- Ман дурбину ояндабин набошам ҳам, боҳадафи муайян қадам мегузорам. Одами қавлу амалам. Маҳз ҳамин хислат буд, ки ман пеши худ ҳадаф гузоштам ва натарсидам. Гуфтам, ки таҳсил мекунам ва маълумоти олӣ мегирам, новобаста аз нооромиҳо ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супурдам. Имтиҳонҳоро хеле хуб супурдам ва донишҷӯ гардидам. Тарс буд, вале ҳадаф қавитар.
ПОРАИ ДУЮМ:
ҚАДАМИ НАХУСТИН
- Шумо дар донишгоҳ соҳаи филологияро меомӯхтед, чӣ гуна шуд, ки ба радио омадед?
- Замони мактабхонӣ равоншод Ҳокими Азиз барои таҳияи барномае барои наврасон аз хонандагони мактаби мо мусоҳиба гирифта буданд. Ҳамон ҷо лаёқати суханронии маро дида, таклиф карда буданд, ки як рӯз радио биё дар барномаи “Навниҳол” суҳбат мекунем. Ҳамон вақт дар дилам шуълае нисбат ба радио ва кори рӯзноманигорӣ ҳувайдо гашт. Ҳамин тавр, ман донишҷӯ шудам. Соли аввали таҳсил ба радио омадам. Азбаски муаллима Гавҳар Умарова ва наттоқи шинохта Абдурашид Хуҷамқулов дар баробари кори радиову телевизион, дар вақти холигиашон дар мактаби миёна ба мо ҳам дарс мегуфтанд, нахуст назди устод омадам. Дар радио бо роҳнамоии устод Абдурашид Хуҷамқулов садои маро сабт карда, мақбул донистанд ва аз ҳамон вақт ҳамкории ман бо радио оғоз шуд.
- Дар он солҳо кори рӯзноманигорӣ мушкил набуд?
- Хеле мушкил буд. Он замони нооромӣ мардум дар бораи ҷону нон фикр мекарданд, вале ман бо ҷасорати Худододӣ гузоришу барномаҳои гуногун таҳия мекардам. Ҳамчунин, бояд бигӯям, ки дар журналист шудани ман саҳми устод Мансур Султонов ниҳоят бузург аст. Он кас ғамхориву кумакҳои бедареғ доштанд.
ПОРАИ СЕЮМ:
“ДАР ДУШАНБЕ НИМАШАБ”
- Барномаи овозадори “Ҳамсолон”-ро ҳамон замон таҳия мекардед. Идеяи кӣ буд?
- Дар радио моҳҳои аввал барои барномаҳои гуногун овозам истифода мешуд ва худам гузориш мекардам. Сипас, ба ман гуфтанд, ки барномае таҳрезӣ кунам ва ҳамин тавр идеяи барномаи “Ҳамсолон” пайдо шуд. Барномаи мазкур дар бораи бурду бохти ҳамсолонам, яъне ҷавонон қисса мекард. Аз як ҷониб вобаста ба худшиносиву илмомӯзии ҷавонон мегуфтему аз ҷониби дигар, аз ҳаёти нашъамандону ҷинояткорон қисса мекардем. Ҳоло ҳам ёдам ҳаст, ки бо ҷавонони гуногун, ки қисме пешрафт доштанду қисме роҳгумзада буданд, суҳбат мекардам ва ба шунавандагон пешкаш менамудам.
- Барномаи “Асолати миллӣ” низ аз ҷумлаи беҳтарин барномаҳои шумо маҳсуб меёбад. Доир ба он ба мо маълумот бидиҳед.
- “Асолати миллӣ” ин минбари донишмандон буд. Зиёда аз 200 нашраш дар фонди тиллоии радио аст. Устодон Назри Яздон, Гулрухсор, Меҳриниссо Бобобекова, Гавҳар Шарофзода даъват мешуданд. Мавзуъ интихоб мегардид ва минбар ба донишманд дода мешуд ва ӯ матраҳ мекард. Бояд бигӯям, ки шунавандаи хеле зиёд дошт. Барномаи мазкур то соли 2011 таҳия мегардад. Ман аз соли 2011 то 2015 дар телевизион будам. Сипас, ба радио баргаштам ва ба ҷойи “Асолати миллӣ”, барномаи “Рисолати муқаддас”-ро шуруъ кардем. Шукр, инак, соли 11-ум аст, ки “Рисолати муқаддас” дар радио пахш мегардад.
- Доир ба барномаи “Шабзиндадор” ҳам ба хонандагони мо чӣзе бигӯед, хушҳол мегардем.
- Барнома чунин шуруъ мешуд: “Дар Душанбе нимашаб”. Соатро намегуфтем, танҳо ба нимашаб будан ишора мекардем. Дар дили шаб бо одамони гуногуни самимӣ, фалсафӣ, ором, ки дар миёнашон кормандони таваллудхона ҳам буду аз мақомоти қудратӣ ҳам суҳбат мекардем. Бо ҳамсуҳбатонамон доир ба ҳолаташон, ки бархе шод буданду бархеи дигар ғамгин суҳбатҳои ҷолибу зебо доштем, ки бароям фаромӯш нашавандаанд. Барнома соати 23:00 оғоз мешуд ва то соати 02:00-03:00 давом меёфт.
- Барномаро танҳо пеш мебурдед?
- Дар аввал Соҳибёр Толиб барномаро танҳо пеш мебурд. Ӯ маро як шаб барои ҳамроҳӣ даъват карду мо якҷо барномаро таҳия кардем. Ҳамин тавр, дигар маро ҷавоб надод ва чанд нашрро як ҷо таҳия кардему ӯ рафт. Сипас, ман 6-7 сол барномаро пеш бурдам.
- Ба қавле дар дили шаб барнома кардан душвор набуд?
- Душвор буд, аммо муҳаббат ба кор намегузошт, ки мушкилиро эҳсос кунем. Барномаи “Шабзиндадор” як шаб пас пахш мегашт. Ҳамсарам дар Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамин паҳлуи радио кор мекарданд ва оварда мебурданд. Баъзан кӯдакон низ дар мошин менишастанд.
- Дар фикри барқарор кардани барномаи мазкур нестед?
- Бовар кунед, то ҳол ба ман мухлисони барнома занг мезананд ва хоҳиш мекунанд, ки барномаро барқарор кунем, вале намедонам чӣ мешавад.
ПОРАИ СЕЮМ:
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
- Муаллима, шумо дар вазифаҳои гуногун, аз сармуҳаррирӣ то муовини якуми директори радио хидмат кардед. Оё вазифа ба кори эҷодӣ таъсир нарасонд, онро кам накард?
- То ҷое дуруст аст, ки масъулияте, ки вазифаҳои гуногун бар дӯш мегузорад, одами эҷодкор аз эҷод дур мешавад, вале новобаста аз ин, ҳеҷ гоҳ аз кори эҷодӣ дур нашудам ва ҳамон замон барномаи зиёд таҳия мекардам. Вазифаи барои ман танҳо масъулият буд, ки онро иҷро мекардам.
- Журналистӣ кори душвор аст?
- Бале, журналистӣ кори душвор аст, аммо барои зан душвортар. Зан дар баробари кори зиёди рӯзноманигорӣ боз корҳои зиёди дигар дорад, ки ҳамчун бону ва модари хонадон бояд анҷом диҳад.
- Дуруст аст, ки то андозае рисолати рӯзноманигориатонро иҷро кардед, зеро ҳамчун журналист хеле сермаҳсул ҳастед. Аммо бигӯед, ки ҳамчун зан ва модар рисолататонро иҷрокарда медонед?
- Фикр мекунам, модар ҳеҷ вақт намегӯяд, ки рисолатамро адо кардам ва кай иҷро шудани рисолаташро низ намедонад. Ӯ ҳамеша дар такопӯ ва талоши беҳбудии фарзандону оилааш аст.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”