Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Аз Вазорати мудофиа то Сарраёсати иҷрои ҷазо. Таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Имрӯз, 16-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Бино бар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд.
Инчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин карда шуданд.
"Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти идорашавандаи фосилавӣ ва риояи қонунияту оинномаҳои соҳавӣ зоҳир карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”