Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Рустами Эмомалӣ бо намояндагони илму адаби кишвар вохӯрӣ намуд
Тавре ки саҳифаи телеграмии шаҳрдори Душанбе хабар медиҳад, имрӯз, 13-уми январ раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом дод.
Манбаъ меафзояд, ки дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии Рустам Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки 16-уми декабри соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар масъалаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ изҳори назар карда, аз масъулин хоста буданд, ки барои боло бурдани ҳисси худшиносии миллии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад