Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Расман: Хаби Алонсо дигар сармураббии “Реал Мадрид” нест
Бошгоҳи “Реал Мадрид” расман хабар дод, ки шартнома миёни даста ва сармураббӣ Хаби Алонсо бекор карда шуд.
Пеш аз ҳама, дар мавриди хотимаи кори Хаби Алонсо ба ҳайси сармураббии “Реал Мадрид” бояд гуфт, ки фарзияҳо зиёданд. Расонаӣ менависад, ки сармураббиро пас аз нокомӣ дар даври ниҳоии Суперҷони Испания, ки аз дастаи “Барселона” бо ҳисоби 3:2 мағлуб шуд, барканор карданд. Манбаи дигар мегӯяд, ки Хаби Алонсоро бошгоҳ барканор накард, балки худи ӯ хостори хотимаи ҳамкорӣ шудааст, зеро бархе футболбозони даста ӯро гӯш намекарданд ва ба нақшаҳояш мувофиқ набуданд.
Дар мавриди фарзияи аввал бояд таъкид кард, ки натиҷаҳои Хаби Алонсо дар “Реал Мадрид” бад набуданд. Ӯ муддати фаъолияти кӯтоҳаш дар бошгоҳ 24 ғалаба, 4 мусовӣ ва 6 бохт дошт. Дар ҷавдвали Лигаи Чемпионҳо ба ҳаштгонаи беҳтарин дохил шуда, дар Ла Лига мақоми дуюмро касб карда буд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки қисми зиёди футболбозони дастаи “Реал Мадрид” пас аз ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоияшон ба Хаби Алонсо изҳори миннатдорӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”