27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
27.12.2025 12:14

Тарона Алидӯстӣ: “Ман мухолифи ҳиҷобам, бахусус мухолифи иҷбор дар ҳиҷоб”

Тарона Алидӯст, ки дар синамои Эрон ҳунарпешаи шинохташуда мебошад, ахиран дар филми мустанади “Тарона”-и сохатаи Пигоҳ Оҳангаронӣ (“Би-би-сӣ”) розҳои зиндагии солҳои охирашро ифшо кард ва дар мавриди ҳиҷобу эътирозҳои чанд сол пеши занон дар Эрон ва кашида шудани пояш ба зиндон қисса кард. Ӯ бо пайвастанаш ба эътирози сартосарии Эрон “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ҳамчун фаъоли маданӣ ном баровард ва дар атрофаш сару садоҳои зиёде шунида шуд. Тули 3 сол буд, ки ӯ дигар дар филмҳо нақш намеофард ва ҳатто аз дурбини расонаҳо низ дур афтода буд. Сабаби инро ӯ бемории шадиде медонад, ки гирифтораш шуд ва инак бо беҳтар шудани ҳолаташ дар филми мустанади “Тарона” намудор гардид.  Ӯ дар ин филми мустанад, ки аз ҷониби Пигоҳ Оҳангаронӣ сохта шудааст, фаъоли мадани шудани худро чунин қисса мекунад: “Ман ҳеч вақт қасди онро надоштам, ки фаъоли маданӣ бошам ва ё ин ки шуҳратам ба ин корҳое, ки кардам, бошад. Фикр намекардам, ки ҳеч вақт ин тавр шавад, фикр мекардам, ки ҳамеша ҳунарпешааму дар театр кор мекунам ва ҳамеша ин сарнавиштро дорам. Вале ногаҳон ҳолат дигар шуду як инфиҷоре дар сатҳи миллӣ рух дод ва маро ба сӯйи орзуҳои худам кашид. Ба худ фикр кардам ман чӣ тавр наметавонам дар ин ҳолат нақш надошта бошам ва агар дар ин ҳадаф ҳастам, пас дигар вақти амал аст. Дар натиҷа ҳолате шуд, ки даст ба амал задам. Ба қарор омадам, ки дар гӯшаи хона як селфии беҳиҷобе мегираму дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунам...

Он рӯз бо худ фикр кардам, ки ин амал ду ҳолат дорад: ё мутолиботи ман ва ҳамфикронам дар ҷараёни ин хезиш бо шикаст мувоҷеҳ мешавад ва ё бо пирӯзӣ... Ҳар рӯз ки ба он фикр мекунам, мегӯям чӣ хуб шуд, ки ин эҳсосро дар зиндагиям таҷриба кардам. Аслан ба натиҷааш коре надорам. ”

Ӯ сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳисро дар худ, аз тарбияи хонаводагияш медонад. Тарона Алидӯст мегӯяд, дар хонаводае ба воя расидааст, ки тамоми тасмимҳоро худаш мегирифтааст: “Худам мустақил бошам, ҳарчи дилам мехоҳад бикунам ва ҳарчи дилам мехоҳад бихонам. Ҳатто таҳсилро тарк кунам ва равам ҳунарпеша шавам, яъне ба ин ҳад озодии амал доштам”.

Тарона Алидӯст дар бораи 19 рӯзи зиндагаш дар зиндон қисса мекунад ва мегӯяд, дар он ҷо дӯстони зиёде пайдо кардааст: “Дилам он ҷо монд. Ҳаркӣ ба онҷо рафтааст, инро дарк мекунад ва ин таҷрубаро дошта. Дили одам аз онҷо ба берун ҳеч вақт комил намеояд”. 

Баъди озодӣ аз маҳбас ин ҳунарпешаи шинохташуда ба бемории нодири пӯст гирифтор мешавад, ки ӯро аз расонаҳову зиндагӣ бо иҷтимоъ дур мекунад. Ӯ давраи бемориашро, ки дар ин давра ранҷҳои зиёде кашидааст чунин баён мекунад: “Фикр намекардам, ки бо як бемории бисёр нодир фалаҷ мешавам. Ба хотири он, ки ин беморӣ дар дасти ман нест, ман дигар қавӣ набудам, ки бо он мубориза кунам. Ин хеле сахт ва ваҳшатнок буд. Яъне ман наметавонистам, ки ҷойе равам. Ин беморӣ хориҷ аз тавони рӯҳии ман аст. Ин беморӣ тамоми пӯсти бадани инсонро ба якборагӣ аз байн мебарад: аз сар то кафи по. Ва ман сабр кардам, то фаҳмидам, ки чеҳраам бармегардад. Ин хеле сахт буд. Ман намедонистам, ки шабеҳи худам мешавам ё на. Баҳси зебоие аслан вуҷуд надошт. Ҳамон чеҳраи дастурӯшӯстаи субҳамро мегӯям. Вақте ки худамро дар оина намешинохтам ва намедонистам, ки рӯзе хоҳам шинохт, хеле сахт ва ваҳшатнок буд. Ва ман наздики як сол махфӣ шудам. Мӯйҳоям баромад, қиёфаам одӣ шуд ва айни ҳол чуноне, ки мебинед ин вазъи одии ман аст ва ман баргаштам”.

Бо гузашти вақт, вазъи саломатиаш беҳтар мешавад ва ӯ тадриҷан ба зиндагии муқаррарӣ бармегардад.

Тарона Алидӯстӣ имрӯз ошкоро изҳор медорад, ки дигар бо ҳиҷоб дар филмҳо нақш намеофарад ва аз эҳтимоли дур шуданаш аз синамо низ пушаймон нест.

Ин бознгари шинохташуда дар Тоҷикистон низ шуҳрати зиёд дорад ва асосан ӯро аз филмҳои  “Шаҳрзод”, “Фурӯшанда”, “Пазироии сода” мешиносанд ва ба ҳунараш алоқа доранду баҳои баланд медиҳанд.

Тарона Алидӯстӣ, ҳунарпешаи номдор ҳоло дар Эрон ба сар мебарад ва мунаққидонаш ӯро ҳамчун “феминисти ашадӣ” нақд мекунанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.