27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
25.12.2025 10:12

Майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 24-уми декабр дар Вазорати мудофиа майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфтааст. Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.

Ҳамчунин, бо иштироки Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.

“Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.