27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
23.12.2025 05:34

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи Қобилҷон ҳамдардӣ кард

22-юми декабр дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, ки дар он ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст.

Аз ҷараёни суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Русия навори кӯтоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он Владимир Путин чунин мегӯяд: “Анҷом додани амалиётҳои террористӣ нисбат ба кӯдакон нафратангез аст. Тафтишот то охир анҷом хоҳад ёфт ва гунаҳкорон, агар якчанд нафар бошанд ҷазо хоҳанд гирифт”.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қатли Қобилҷон Алиеви 10-соларо ғайричашмдошт гуфта, изҳор доштанд: “Мо мехоҳем, ҳодиса аз тарафи сохторҳои интизомии шумо бодиққат таҳқиқ шавад ва ба гунаҳкор ҷазои сахт таъин гардад”.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.