Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Иштироки Президенти мамлакат дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон
Имрӯз, 20-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, нахуст, Роҳбари давлат ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо дарназардошти аҳамияти калидии иқтисоди “сабз” барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармоя ва технологияи Япония барои татбиқи стратегияҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетикаи “сабз”, аз ҷумла аз худ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва ҳамчунин, ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Гуфта мешавад, ки саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда шуда, иштироки Ҷопон дар амалӣ сохтани тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, зарур шумурда шуд.
Дар ин росто, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химиё ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок номиданд.
Дар ин замина, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд.
Ҳамчунин, ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки кишвари мо ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос дорад, чун ин соҳаҳо барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳбуди сифати мудирияти захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”