Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: “Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад”
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” бо таъкид ба мардуми кишвар гуфтанд, ки дигар замони сохтани масҷид ба паён расидааст: “Замони рушду нумуи миллати тоҷик фаро расид. Мо бояд ба илму маориф рӯ оварем. Мутаассифона, 90 дарсади тамоми зиндагии мо аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем. Тамоми боигарии мо ба хориҷа рафта истодааст”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарари хурофот ва ҳадафҳои сиёсии он афзуданд, “албатта хуруфот ҳам кӯшиш мекунад, ки ба ҳадафаш бирасад. Кӯшиш мекунад, ки идеологияи бади худро ба миллати тоҷик бор кунад. Бо ин хурофот мо куҷо меравем?
Худованди таъоло мегӯяд, бандаро ҳазф кардам, на ба рӯзи сахтӣ. Аз ин дунё баҳра бар. Худои таъоло моро барои мурдан ҳазф накардааст. Худованд моро барои хушҳолона зистан офаридааст”.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гашта истодааст, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”