Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода мактаби навро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 9-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иншооти мазкур дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш буда, барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 бо кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот таъмин мебошад.
Инчунин, муассисаи мазкур дорои майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Таъкид мегардад, ки иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”