27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
28.11.2025 16:03

Вазъи кунунии муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, намояндагони вазорат дар ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки имрӯз 27-уми ноябр дар шаҳри Москва доир гардид, иштирок намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки раиси гурӯҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода буда, зимни чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои тағйиру иловаҳои асосӣ ва навовариҳо дар қонунгузории вобаста ба муҳоҷирати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2024-2025 ба амал омадаанд, вазъи кунунии муҳоҷират дар ҳудуди ҳар ду давлат, аз ҷумла тағйирёбии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳҳои ошкоршудаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва чораҳо барои пешгирии онҳо ва ғайраҳо баррасӣ карданд.

“Ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд, инчунин чораҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии сохта ва шуғли ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид”, - зикр мегардад дар иттилоия.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар асоси натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкории созандаи дуҷониба дар самти муҳоҷират тасдиқ карда, инчунин, ҷиҳати таҳияи нақшаи навшудаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2026 ба мувофиқа расиданд.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.