Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Барканории ногаҳонии вазири ҷанг. Моҷарои ин тағйири бузург чист?
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими Исроил дар ҳоли баррасии як тағйири ҷиддӣ дар вазоратхонаҳои калидӣ мебошад, ки бар асоси он Исроэл Катс, вазири дифоъ, бо Гирдеон Саар, вазири корҳои хориҷӣ иваз мешаванд.
Бар асоси ин нақша Эли Коэн, вазири энергетика, ба Вазорати корҳои хориҷӣ меравад ва Катс ба Вазорати энергетика интиқол меёбад. Ин музокирот дар шароити авҷи ихтилофоти миёни Катс ва Нетаняҳу сурат мегирад. Ихтилофоте, ки дирӯз баъд аз даргириҳои ошкоро миёни Катс ва Эял Замир, сардори Ситоди артиши исроилӣ шиддат гирифт.
Ин гузориш меафзояд, ки Нетаняҳу имрӯз Замир ва Катсро ба нишасте даъват намуд, то танишҳоро коҳиш диҳад, вале ин нишаст дар ниҳоят ба ду мулоқоти ҷудогона табдил ёфт. Ҳоло сарвазир ҳанӯз қарори ниҳоӣ набаровардааст, вале манобеи наздик ба ӯ мегӯянд, агар Катс аз хатти сиёсии Нетаняҳу берун амал кунад, раванд барои иваз намудани ӯ зудтар анҷом хоҳад ёфт.
Дар вақти ташкил шудани эътилофи дарунӣ аҳзоб мувофиқа намуда буданд, ки Катс соли аввалро дар Вазорати энергетика сипарӣ намояд ва пас аз он вазифаи худро бо Эли Коэн, ки барои ду сол вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда буд, иваз намояд. Ин созиш ҳамчунин, пешбинӣ мекунад, ки дар соли охирини эътилоф боз як даври дигари ивазшавӣ сурат гирад ва Коэн ба Вазорати корҳои хориҷӣ баргардад ва Катс ба Вазорати энергетика.
Аммо аз он замон манзараи сиёсӣ дар режими Исроил комилан тағйир ёфт. Катс баъд аз барканории Йоав Галаант аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Вазорати дифоъ гузашт ва Саар ба Вазорати корҳои хориҷӣ омад.
Дар рӯзҳои охир, бо наздик шудани муҳлати марҳилаи нахустини чархиш, кормандони вазоратхонаҳо мепурсанд, ки оё ин созиш ҳамчунон ба қавваи худ боқӣ аст ва оё Катс дар миёни ихтилофоти афзоянда бо Нетаняҳу ба Вазорати энергетика баргардонда мешавад ё на. Ҳоло сарчашмаҳои наздик ба Нетаняҳу аз шарҳи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд, вале ишора менамоянд, ки ин эҳтимол бисёр қавӣ мебошад.
Дар посух ба ин гузориш, сухангӯи Сарвазир гуфт, ки ин иттилоот “хабари сохта” аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”