Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ироқчӣ: “Мо омодаи музокираем. Бо Фаронса ба созиш расидем”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ бо таъкид ба ин ки Эрон ҳамеша барои музокира дар хусуси равобити барномаи атомии худ омода аст, гуфт, ки мушкил дар набудани “иродаи воқеӣ барои музокира” аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар суҳбатии ихтисосӣ бо шабакаи “Франс-24” дар посух ба суоле дар хусуси сарнавишти Сисил Кулер ва Жак Порис, ду шаҳрванди фаронсвӣ, ки бо гумонии ҷосусӣ маҳкум шуда буданд ва ахиран аз зиндон раҳо гардиданд, вале то ҳол дар Эрон таҳти назорат қарор доранд, тасдиқ кард, ки барои табодули онҳо бо Фаронса созиш ҳосил шудааст.
“Умедворам ва гумон мекунам, ки дар давоми ду моҳи оянда, бо таваҷҷуҳ ба раванди судӣ ин табодул анҷом хоҳад шуд. Аз сӯи Эрон ҳама чиз омода ва Теҳрон ҳоло интизор аст, ки раванди судӣ дар Фаронса поён ёбад” – таъкид намуд ӯ.
“Франс – 24” дар идомаи гузориш навишт, ки ин табодули шаҳрванди эронӣ Маҳдия Исфандиёриро низ дар бар мегирад, ки дар Фаронса бо иттиҳоми “таблиғи терроризм” боздошт шудааст ва дифои ӯ барои дар миёнаҳои моҳи январ барномарезӣ шудааст.
“Мо ҳамеша омодаи музокира будем, вале ин ҷониб Амрико аст, ки барои як музокираи воқеӣ ва мунсифона ҷиддият надорад” – таъкид намуд Сайид Аббос Ироқчӣ.
Бар асоси гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша талоши дикта кардан ва таҳмил намудани хостаҳои худ аст, на музокироти воқеӣ.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар посух ба суоле дар хусуси нақши Арабистони Саудӣ ба ҳайси миёнҷигар дар миёнии Вашингтон ва Теҳрон, бо вуҷудии танишҳои тӯлонии миёни Риёз ва Теҳрон гуфт, ки “миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ эътимод вуҷуд надорад”.
Ӯ, ҳамчунин таъкид кард, ки ахиран ҳич тамос ё табодули паём бо намояндаи махсуси Амрико Стив Уиткофф ва ё Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио надошт ва шарҳ дод, ки то замоне, ки амрикоиҳо барои як музокироти воқеӣ омода набошанд, Эрон барои музокира ҳич шитобе надорад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома таъкид намуд, ки “Эрон аз ҷанг бо Исроил ва бомбаборонҳои амрикоӣ бо пирӯзӣ берун омадааст”
Дар посух ба ин суол, ки оё Исроил ҳадаф дорад боз ба марказҳои атомии Эрон ҳамла кунад, Аббос Ироқчӣ гуфт, ки “агар Шумо қаблан коре кардед ва он ноком шуд, мантиқ мегӯяд, ки такрори он фақат такрори шикасти шумо мебошад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”