27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
26.11.2025 06:07

Дар маҷлиси Ҳукумат тақвияти энергетика ва чанд барномаи миллӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шуд

Рӯзи 25-уми ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози маҷлис Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқиро барои солҳои 2026-2030 муаррифӣ намуд. Тибқи иттилои пешниҳодгардида, мақсади асосии барнома таъмини амнияти энергетикӣ, коҳиши талафоти барқ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ мебошад.

Бар асоси ин барнома, то соли 2030 амалӣ сохтани натиҷаҳои зерин ба нақша гирифта шудаст:

  • 2680 МВт иқтидори нави барқӣ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав;
  • 253 МВт аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда;
  • 440 МВт барқарорсозии иқтидорҳои аздастрафта;
  • 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб;
  • Коҳиши талафоти барқ дар шабакаҳои интиқолӣ то 3%, дар шабакаҳои тақсимотӣ то 9%, расондани ҳаҷми содироти барқ ба 5 миллиард киловатт/соат.

Президенти кишвар ба вазорату идораҳо дастур доданд, ки барои иҷрои босамари барнома тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки мавриди истифода қарор додани панелҳои офтобӣ дар манзили аҳолӣ ва пайваст шудани онҳо ба шабакаи барқ ҳамаҷониба омӯзиш дода шавад.

Сарвари кишвар зарурати тарғиби фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ миёни аҳолӣ ва пурзӯр намудани масъулият барои истифодаи ғайриқонунии барқ, аз ҷумла дар истеҳсоли криптовалютаро таъкид намуданд. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷиноятӣ ва қонунгузории андоз баъди муҳокима ба маҷлиси намояндагон ирсол гардид.

Дар идомаи маҷлис як қатор барномаҳои миллӣ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуданд, аз ҷумла барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030.

Дар фарҷоми маҷлис Пешвои миллат барои омодагӣ барои зимистон, таъмини захираҳои кофии маводи ғизоӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ дар вақти кишт, ҳамчунин, тадбирҳои ободонию созандагӣ ба пешвози 35-солагии истиқлолият дастурҳои иловагӣ доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.