27 Сентябр 2026,
якшанбе, 23:16, Душанбе
25.11.2025 10:54

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯи роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин

Вазири корҳои хориҷии Чин дар ҷараёни сафари минтақавии худ ба шаҳри Тошканд бо президенти Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод ва ду ҷониб дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангии бештар дар бораи вазъият ва ояндаи Афғонистон табодули назар намуданд.

Тибқи иттилои расонаҳои ӯзбекистонӣ Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо Ван И изҳори итминон кард, ки ҳамаи ҳадафҳои муқарраршуда дар бораи барномаи панҷсолаи Чин дар муҳлати муайян иҷро хоҳанд шуд. Ӯ аз кумаки арзишманд ва дарозмуддати Чин дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистон ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум изҳори сипос кард.

Шавкат Мирзиёев афзуд, ки ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба пешрафтҳои муҳим дар ҳамкорӣ даст ёфтаанд ва рушди равобити дуҷониба таҳти таъсири ҳич омил ё фишори хориҷӣ қарор нахоҳад гирифт.

Президенти Ӯзбекистон бо таъкид ба ин ки шаҳри Тошканд мехоҳад сатҳи мубодилоти сиёсиву иқтисодиро бо Пекин дар сатҳи баланд нигоҳ дорад, афзуд, ду кишвар бояд дар самти таҳкими эътимоди стратегӣ, пешбурди тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекстон, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, технологияҳои муосир, пайвастагии минтақавӣ, кишоварзӣ, энергияи сабз, коҳиши фақр ва робитаҳои мардумӣ қадамҳои ҷиддӣ бардоранд.

Ӯ, ҳамчунин таъкид намуд, ки Ӯзбекистон омодааст ҳамроҳи Чин дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ талош кунад ва ду кишвар ба ҳайси дӯстону шарикони боэътимод бар пояи эҳтирому ҳимоятҳои мутақобил ҳамкорӣ кунанд.

Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки чор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ ва лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ”, ки аз сӯи Президенти Чин пешниҳод шудаанд, барои даврони имрӯзӣ аҳамияти хоса доранд ва Ӯзбекистон омодааст дар иҷрои онҳо бо Чин ҳамкорӣ кунад.

Ӯ нақши фазоянда ва роҳбарикунандаи Чин дар таҳкими сулҳу рушди ҷаҳониро бисёр муҳим арзёбӣ кард. Ван И дар мулоқот таъкид намуд, ки Чин аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Ӯзбекистон қотеона ҳимоят мекунад ва аз барномаҳои ислоҳотӣ ва рушди иқтисодӣ, ки аз ҷониби Шавкат Мирзиёев пеш гирифта шудаанд, пуштибнии комил ба амал хоҳад овард.

Ӯ гуфт, Чин ва Ӯзбекистоон аз ҷиҳати стратегияҳои рушд, фалсафаи идоракунӣ ва сохтори иқтисодӣ ба ҳам наздик мебошанд ва “дӯстон ва шарикони самимии якдигар” ба шумор мераванд.

Ван И шарҳ дод, ки ду кишвар бояд ҳамоҳангсозии стратегияи рушдро тезонанд, бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро суръат бахшанд, лоиҳаҳои мушаххаси бештар эҷод кунанд, нуқтаҳои нави рушд дар ҳамкорӣ ба вуҷуд оранд ва ҳарчи зуд арзиши тиҷорати дуҷонибаро ба 20 миллиард доллар расонда, аз он ҳам боло баранд.

Ӯ таъкид намуд, ки Чин мехоҳад Ӯзбекистон ҳарчи зуд ба Созмони байналмилалии миёнҷигарӣ пайвандад, то ду кишвар барои бунёди низоми одилонатарини идоракунии ҷаҳонӣ ва густариши сулҳу рушди умумиҷаҳонӣ қадамҳои ҷадид гузоранд.

Ду ҷониб, ҳамчунин, дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангии бештар пиромуни вазъият ва ояндаи Афғонистон гуфтугӯ намуданд.

Ҳамоҳангии Пекин ва Тошканд дар масъалаи Афғонистон чандин сол боз идома дорад. Аз лоиҳаи роҳи оҳани Ӯзбекистон-Афғонистон-Покистон то ташаббусҳои муштарк дар расондани кумаки башардӯстона ва пешгирӣ аз густариши таҳдидҳои амниятӣ аз қаламрави Афғонистон.

Ӯзбекистон аввалин кишвар буд, ки баъд аз соли 2021 ташкили як механизми минтақавиро барои баррасии масъалаҳои Афғонистон пешниҳод кард ва Чин низ аз он ҳимоят намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.