Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо бо Эрон. Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Маҷид Тахтравончӣ
24-уми ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Тахтравончиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, дирӯз дар Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.
Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Маҷид Тахтравончӣ роҳбарӣ намуданд.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд", - менависад маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”