27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
17.11.2025 11:20

Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

16-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.

“Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд. Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд”, - менависад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад.

“Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид”, - хулоса мекунад манбаъ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.