Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Рӯзи Президенти Тоҷикистон- рамзи давлатдории миллӣ ва ваҳдати тоҷикон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 16-уми ноябр ба ҳайси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ин рӯзи муҳим ва рамзӣ мебошад, ки ҳамбастагӣ, давлатдӯстӣ ва эҳтироми мардуми кишвар ба роҳбарашонро нишон медиҳад. Рӯзи Президенти Тоҷикистон- рамзи давлатдории миллӣ ва ваҳдати тоҷикон аст.
Ин рӯз ба ҳайси рӯзи таърихӣ ёдоварӣ аз нақши барҷаста ва иқтидори сиёсии президенти кишвар мебошад, ки дар барқарор намудани ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани сулҳ, оромӣ ва фазои осоиштаи сиёсӣ хизмат кардаанд.
Санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент тасодуфӣ интихоб нашудааст. Аввал, дар рӯзи 16 -уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ин интихоб ва баргузор гардидани Иҷлосия далели оғози даври нави давлатдорӣ ва барқарор шудани рукнҳои истиқлол буд. Дар соли 2016 бо тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябр расман ба ҳайси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Ҳадафи таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба шахсияти роҳбар ва нақши нахустини ӯ дар ташаккули давлатдорӣ, ҳамчунин, мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ ва ҳисси ҳамбастагӣ дар миёни шаҳрвандон аст. Рӯзи Президент ба ҳайси рамзи давлатдории муосир таҷлил мегардад. Табдил шудани ин ид ба як ҷузъи фарҳанги сиёсӣ нишондиҳандаи арзиши роҳбарии давлат ва истиқрори системаи президентӣ мебошад.
Ҳар сол ба муносибати ин рӯз дар ниҳодҳои давлатӣ ҳамоиш ва конфронсҳои илмӣ доир мегардад. Дар ҳамоиш ва конфронс олимон ва чеҳраҳои намоёни ҷомеа дар хусуси нақш ва хизматҳои Пешвои миллат маърузаву суханронӣ мекунанд. Воқеан, тайи чанд сол ахир ин рӯз дар тамоми сатҳи ҷумҳурӣ бо доир кардани чорабиниҳо ба таври хос таҷлил мегардад.
Рӯзи Президент дар ҳама гӯшаи кишвар бо як силсила чорабиниҳои мухталиф таҷлил мегардад. Дар китобхона ва осорхонаҳо намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Дар сохтори низомӣ ва мақомти давлатӣ бо ишорҳои “Президент-садоқат ба Ватан” мулоқоту чорабиниҳо доир мегарданд. Ҳамчунин, дар ниҳодҳои таълимиву мактабҳо барои хонандагон ва донишҷӯён барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешавад.
Қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон ба арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ ошно мегарданд. Аз нигоҳи байналмилалӣ омода намудани иди махсус ба ҳайси ҷашни роҳбари давлат нишондиҳандаи сатҳи баланди симо ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад.
Ҳамчунин, барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Президент на фақат як ҷашни расмӣ, балки рӯзи ёдоварии он хизматҳое мебошад, ки сарвари кишвар дар замони мушкил анҷом додаанд. Ин чорабинии миллӣ барои ҳамгироии ҷомеа, эҳтироми сулҳовар ва аз ҷониби дигар, шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатӣ аст. Ҳамзамон таҷлили ин рӯз ба ҳайси абзоре барои такомули фарҳанги сиёсӣ ва шинохти арзишҳои давлатдории миллӣ хизмат мекунад.
Он аҳамияти маънавӣ ва символи худро нигоҳ медорад ва мусоидат ба эҳсоси масъулият ва ваҳдати шаҳрвандон дар рушди ояндаи кишвар аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”