27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
15.11.2025 10:44

Тоҷикистон аз оғоз шудани парвозҳои Душанбе -Машҳад ва Душанбе- Кеш хабар дод

Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри нави ҳавоиро миёни шаҳрҳои Машҳад ва Кеш бо Душанбе ифтитоҳ кард. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки ин иқдом дар доираи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди нақлиёти ҳавоӣ сурат мегирад.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук хабар дод, ки баъд аз мулоқоти Ҳабибулло Назарзода, роҳбари ин ниҳод бо Ҳусейн Порфарзона, раиси Созмони авиатсияи граждании Эрон аз рӯзи чоршанбе парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Реймон дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад ба таври расмӣ оғоз мегардад. Ин парвозҳо ҳафтае ду бор анҷом меёбад.

 Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар хусуси ифтитоҳи масирҳои эҳтимолии дигар, аз ҷумла Кеш-Хуҷанд ва Шероз-Душанбе, ҳамчунин, ҳамкориҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани малакаи кормандони авиатсионӣ гуфтугӯ доштанд.

Ин ниҳоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон парвозҳои озоишии ширкати Кеш-Эйр дар хатсайри Кеш-Душанбе низ дар барнома аст.

Тибқи ин гузориш, фаъол шудани роҳҳои нави парвозӣ баъд аз давраи коҳиши парвозҳо дар замони пандемия, ба эҳёи тадриҷии робитаҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мусоидат намудааст. Дар тирамоҳи соли гузашта низ парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Теҳрон дубора фаъол шуда буданд, ки ба афзоиши робитаҳои сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар кумак мекунад.

Тоҷикистон ҳамчунин, сиёсати “Осмони боз” -ро дар фурудгоҳи худ ба роҳ монд. Барои хидматрасонии фурудгоҳӣ ва навигатсионӣ 40 фоиз тахфиф пешниҳод мекунад, то ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бештар ҷалб ва масирҳои байналмилалӣ густариш ёбанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.