27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
15.11.2025 10:37

Тоҷикистон ва Покистон дар бахши дифоӣ ва терроризм ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

Вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари расмӣ ба Покистон бо фармондеҳони баландпояи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар мулоқот кард ва ду ҷониб ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои амниятӣ, дифоӣ ва мубориза бо терроризм таъкид намуданд.

Генерал Собирзода Имомалӣ Абдураҳим дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Исломобод бо генерал Соҳир Шамшод Мирзо, раиси Кумитаи ситоди муштараки артиши Покистон фелдмаршал Сайид Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои ин кишвар мулоқот намуд.

Дафтари матбуоти артиши Покистон дар изҳороти расмӣ хабар дод, ки дар мулоқоти генерал Абдураҳим бо фелдмаршал Мунир масъалаҳои муҳимми дорои манфиати муштарак, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои дифоии дуҷониба, баррасӣ шудаанд. Ҷонибҳо ба зарурати рушди ҳамкориҳои мавҷуд, бахусус дар бахшҳои омӯзиш, амнияти минтақа, дифоъ ва мубориза бо терроризм ба иттифоқ афтодаанд.

Ҳамчунин, дар мулоқоти вазирони дифои ду кишвар Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфт, ки Покистон ба ҳалли осоиштаи масъалаҳои минтақа бовар дорад ва талошҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар минтақаро қадрдонӣ мекунад.

Вазири дифои Покистон таъкид кард, ки Ислобод ба густариши сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа, хусусан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ содиқ боқӣ мемонад.

Dialog.tj

 

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.