Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқоти Президенти кишвар бо раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия
Имрӯз, 14-уми ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардид.
“Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд”, - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар вохӯрии мазкур ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”