Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҷулонӣ: “Дар мулоқот бо Трамп масъалаи иртиботи ман бо Ал-қоида баррасӣ нашуд
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” акси худ бо Абумуҳаммад Ҷулонӣ, роҳбари низомии зери назорати Ҳайат Таҳрир аш-Шом (гурӯҳи террористӣ дар Тоҷикистон эътироф шудааст) дар Сурия нашр кард. Ин мулоқот рӯзи 10-уми ноябр дар Кохи сафед доир гардид.
Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар суҳбат бо шабакаи “Фокс нюз” гуфт, робитаҳои гузаштааш бо гурӯҳи террористии Ал-қоида дигар аҳамият надорад ва ин мавзуъ дар мулоқоти ахираш бо Трамп баррасӣ нашудааст.
“Ман фикр мекунам, ки ин масъала ба гузашта тааллуқ дорад. Димишқ имрӯз ба ҳайси як ҳампаймони геполитикии Вашингтон дида мешавад, на таҳдид”- зикр намуд Абумуҳаммад Ҷулонӣ.
Ӯ таъкид намуд, ки музокироташ бо Трамп асосан ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Сурия бахшида шуда буд. Ба гуфтаи Ҷулонӣ ду ҷониб ҳамчунин, “қаторе аз масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии дорои манфиати муштарак” -ро баррасӣ карданд.
“Ӯ аз ҷои хеле душвор меояд ва шахси қавӣ аст. Мардум мегӯянд, ки ӯ гузаштаи сахте дорад, ҳамаи мо дорем. Ва, росташро гӯям, агар касе гузаштаи сахт надошта бошад, шояд имкони пешрафт ҳам надошта бошад”- зикр кард Доналд Трамп.
Президенти Амрико ҳамчунин, таъкид намуд, ки Вашингтон бо Исроил барои беҳбудии муносибатҳо бо Сурия кор мекунад.
“Ба зудӣ метавонед интизори эълонҳое дар хусуси Сурия бошад”- зикр кард ӯ, дар хусуси эҳтимоли созиши Димишқ ва Тел-Авив.
Абумуҳаммад Ҷулонӣ рӯзи душанбе бе баргузор кардани нишасти муштараки хабарӣ ба Кохи сафед ворид шуд ва аз ҳамон даромадгоҳи канорӣ берун шуд.
Дар арафаи ин мулоқот Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарорномаи нав ба Шурои Амнияти СММ пешниҳод кард, ки бар асоси он таҳримҳои зиддитеррористӣ бар зидди Ҷулонӣ бардошта шуданд.
Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин қарорномаро пазируфт ва номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ ва “вазири дохилии худхондаи Сурия” Анас Хаттабро аз рӯйхати таҳримҳои вобаста ба терроримз хориҷ кард.
Абумуҳаммад Ҷулонӣ, ки дар гузашта бо гурӯҳҳои Алқоида ва ДОИШ иртибот дошт, баъди ҳамлаи босуръати гурӯҳи мусаллаҳи худ, Ҳайат Таҳрир аш-Шом тавнист дар моҳи декабри соли 2024 ҳукумати Башор Асадро суқут диҳад ва қудратро дар Сурия ба даст гирад.
Гурӯҳи Ҳайат Таҳрир аш-Шом аз соли 2014 то ба имрӯз аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси гурӯҳи террористӣ шинохта мешуд ва худи Ҷулонӣ таҳти таҳримҳои байналмилалӣ, бо маҳдудияти сафар ва масдуд шудани дороиҳо қарор дошт.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то чанд вақт қабл барои иттилоот дар бораи ӯ 10 миллион доллар мукофот муқаррар карда буд, вале ин мукофот дар моҳи декабри соли 2024 расман лағв гардид.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Доналд Трамп дар ҷараёни сафари ахираш ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ гуфт, ки ҳама таҳримҳои ИМА бар зидди Сурия бардошта мешаванд. Ҳамон ҷо ӯ бо Ҷулонӣ мулоқот кард. Ду ҷониб омодагии худро барои одӣ намудани муносибатҳои Димишқ ва Тел-Авив изҳор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”