Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон бо ширкати амрикоии зеҳни сунъӣ ҳамкориро оғоз мекунад
Ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ - Perplexity AI аз шаҳри Сан-Франсиско ба консорсиуми Area AI, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аввалин зонаи махсуси зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон таъсис меёбад, ҳамроҳ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки ҳамкории Perplexity AI бо экосистемаи Area AI ба воситаи ҳамгироии Comet – нахустин браузери агентии зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон, дар доираи лоиҳаи AI-GOV якҷо бо ширкати epsilon3.ai, амалӣ мешавад.
Амалӣ намудани ин лоиҳа дар Тоҷикистон ба Area AI имкон медиҳад, ки ба маркази минтақавӣ барои содироти технологияи Perplexity AI дар доираи ташаббуси “AI-GOV” табдил ёбад.
Созишнома дар ҷараёни Саммити С5+1, ки дар Вашингтон доир гардид, расман эълон шуд. Дар ҳамин маросим Вазири савдои ИМА Ҳорвард Латник ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ҳузур доштанд.
Дар доираи Area AI, ширкатҳое, ки ҳалли технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро таҳия ва содир мекунанд, дар Зонаи 2 — Хаби зеҳни сунъии амалии Зонаи махсуси ЗС ҷойгир карда мешаванд.
Консорсиуми сармоягузорӣ, ки роҳбариву рушди Area AI-ро назорат мекунад, аз ҷониби ширкати zypl.ai идора мешавад.
Ҳамкории Perplexity AI ворид кардани технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъиро ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи зеҳни сунъиро дар назар дорад.
Лоиҳаи Area AI, ки Perplexity AI низ ба он шомил аст, ба ҳадафи рӯҳбаланд кардани фаъолияти инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ тавассути истифодаи ҳалли ЗС ва рушди иқтидори содиротии технологияҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”