Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Гузориши фошшуда дар бораи ҳадафҳои ошкор ва пинҳони нишасти Трамп бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Нашрияи маъруфи фаронсавии “Ле Фигаро” (“Le Figaro” дар гузорише дар бораи нишасти Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ- Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон менависад, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин мулоқот тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию низомии Вашингтон бо ин кишварҳо дар муқобила бо нуфузи Русия ва Чин будааст.
“Ле Фигаро” навишт, ки Вашингтон талош дорад ширкати иқтисодӣ ва низомии худро бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ густариш диҳад. Дар ҳамин замина рӯзи панҷшанбеи гузашта Доналд Трамп роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро дар Қасри сафед қабул кард. Ин мулоқот, ба навиштаи расонаҳо бори нахуст дар таъирихи ин минтақа доир мешавад.
Ин минтақа ба далели захираҳои фаровони табиӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ будааст. Пеш аз нишасти шомона Доналд Трамп гуфт “мо дар ҳоли тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии худ мебошем”.
Доналд Трамп бо таъкид ба аҳамияти баланди ин кишварҳо афзуд, ки “яке аз муҳимтарин мавзуъҳо дар рӯйдоди имрӯза масъалаи конҳои стратегӣ мебошад”. Ӯ, ҳамчунин, дар шабакаи иҷтимоии худ аз имзои созишномаи тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон хабар дод.
Тибқи гуфтаи Доналд Трамп Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад дар се соли оянда тақрибан 35 миллиард доллар ва дар даҳ соли оянда беш аз 100 миллиард доллар дар бахшҳои калидии иқтисоди Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кунад.
“Ле Фигаро” менависад, ки захираҳои табиии фаровон ва аксаран кашфнашудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоюли Вашингтон ва Брюсселро барои ҳузур дар минтақа бештар кардааст, зеро онҳо талош доранд, сарчашмаҳои нодири хоки худро аз назорати Чин хориҷ кунанд. Ин унсурҳо барои саноат ва технологияҳои муосир аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ин дар ҳоле, ки Чин то ҳоло қариб ба ин манобеъ монополияи комил дорад.
Ин рӯзнома афзуд, ки Қазоқистон бузургтарин истеҳсолкунандаи уран, Ӯзбекистон дорои захираҳои ғании тилло ва Туркманистон соҳиби яке аз бузургтарин захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон аст. Бо вуҷуди ин, интиқоли ин сарчашмаҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам мушкил боқӣ мондааст.
Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар миёни кӯҳҳои баланд ва биёбонҳо ҷойгир аст, бо Русия, Чин, Эрон ва Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ле Фигаро” меҳмонони Доналд Трамп дар нишаст аз мизбонӣ ситоиши зиёд кардаанд.
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон гуфт, “Шумо роҳбари бузург ва сиёсатмадоре мебошед, ки аз осмон фиристода шудаед, то ақли солиму суннатҳоро эҳё кунед”.
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон афзуд, ки “ҳич яке аз раисиҷумҳурони Амрико қаблан ба Осиёи Марказӣ чунин таваҷҷуҳ нишон надода буд”.
Нашрияи фаронсавӣ ёдовар гардид, ки ин панҷ кишвар, ки то суқути Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти нуфузи мустақими Маскав қарор доштанд, ҳоло кӯшиш мекунанд, худро қувваи геополитикии муттаҳид муаррифӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Чин ба воситаи ташаббуси бузурги “Як камарбанд ва як роҳ” нуфузи амиқе дар минтақа пайдо карда ва худро шарики асосии Русия дар тиҷорат медонад. Ин дар ҳоле аст, ки аз ҷиҳати амниятӣ нақши Маскав ҳанӯз муҳим арзёбӣ мешавад.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ле Фигаро” муҳимтарин эъломияи шаб аз сӯи Қазоқистон садо дод: ин кишвар қасд дорад ба “Созишномаҳои Иброҳим” пайвандад.
Ин равандест, ки аз лоиҳаҳои дӯстдоштаи Доналд Трамп маҳсуб мешавад. Бар асоси он, чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Марокаш ва Судон дар соли 2020 дар даври нахусти раёсати ӯ равобити худро бо Исроил одӣ кардаанд.
Доналд Трамп қарори мазкурро “пешрафти воқеӣ” номид. Ин дар ҳоле, ки муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷей Ди Вэнс ин иқдомро “паёми сиёсӣ” донист.
То ба имрӯз кишварҳои муҳимтаре, ба мисли Арабистони Саудӣ, Сурия ва Лубнон аз ҳамроҳшавӣ ба ин раванди муодиласозӣ худдорӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”