Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Қазоқистон эҳтимол дорад ба “Созишномаҳои Иброҳим” барои оддисозии равобит бо Исроил бипайвандад
Бино ба гузоришҳои расонаҳои исроилӣ ва байналмилалӣ, Қазоқистон мумкин аст ба “Созишномаҳои Иброҳим”, ки барои оддисозии равобит миёни Исроил ва кишварҳои мусалмон баста шудаанд, ҳамроҳ шавад.
Ин хабар баъд аз он нашр шуд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп, гуфт, ба зудӣ як кишвари нав ба ин созишномаҳо хоҳад пайваст.
Як мансабдори баландпояи Иёлоти Муттаҳида ба Рейтерс гуфтааст, интизор меравад рӯзҳои наздик расман эълон шавад, ки Қазоқистон ба “Созишномаҳои Иброҳим” мепайвандад.
Эълони рамзӣ
Қазоқистон аллакай бо Исроил равобити пурраи дипломатӣ ва иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, ҳамроҳшавии расмии он бештар хусусияти рамзӣ хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ки президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи панҷшанбе дар Қасри сафед бо Доналд Трамп ва чор роҳбари дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард.
Иёлоти Муттаҳида мекӯшад нуфузи худро дар минтақае тақвият диҳад, ки солҳои зиёд таҳти таъсири Русия қарор дошт ва дар солҳои ахир беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи Чин низ қарор гирифтааст.
Бозгашти намояндаи Амрико
Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико, қаблан дар як форуми тиҷоратӣ дар Флорида гуфта буд, ки барои ширкат дар маросими эълони расмии кишваре, ки ба созишнома мепайвандад, ба Вашингтон бозмегардад, аммо номи он кишварро зикр накарда буд.
Сомонаи хабарии “Axios” аввалин манбаъе буд, ки гузориш дод ин кишвар - Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи як манбаи дигар, ки Рейтерс аз ӯ иқтибос овардааст, Амрико умедвор аст, ҳамроҳшавии Қазоқистон метавонад ба эҳёи раванди “Созишномаҳои Иброҳим” кумак кунад — равандест, ки пас аз оғози ҷанги Ғазза мутаваққиф шуда буд.
Пешинаи созишномаҳо
“Созишномаҳои Иброҳим” соли 2020 бо миёнаравии Доналд Трамп миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва баъдан Марокаш ба имзо расиданд.
Трамп борҳо гуфтааст, ният дорад доираи ин созишномаҳоро густариш диҳад ва кишварҳои бештарро ба он ҷалб намояд.
Ӯ ба эҳтимоли пайвастани Арабистони Саудӣ низ хушбин аст, аммо Риёз то кунун чунин ният нишон надодааст, магар он ки роҳи возеҳе ба сӯи ташкили давлати Фаластин нишон дода шавад.
Интизор меравад, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, дар рӯзҳои наздик дар Қасри Сафед бо Трамп мулоқот кунад.
Нақши Осиёи Марказӣ
Ба ҷуз Қазоқистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Озарбойҷон ва Ӯзбекистон, ки равобити наздик бо Исроил доранд, низ аз муддати пеш ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ барои пайвастан ба ин созишномаҳо номбар мешуданд.
“Созишномаҳои Иброҳим” яке аз дастовардҳои калидии сиёсати хориҷии Доналд Трамп дар давраи аввали раёсаташ ба ҳисоб мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”