Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Роҳи Исфара–Чоркуҳ–Ворух боз гардид
Роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки дар паи муноқишаҳои марзӣ чанд сол боз баста буд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов, дубора боз гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бо сабаби баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Акнун, бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд.
Зимни мулоқот бо сокинон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканд Айбек Шаменов аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамзистии дӯстонаи аҳолии наздимарзӣ заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи робитаҳо мебошад.
Бо итминон зикр гардид, ки амалӣ шудани чунин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, ба манфиати ҳар ду халқи бародар хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад


