Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Иштирок ва суханронии Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ
29-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Файзалӣ Идизода дар суханрониаш қайд намуд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо тантана, балки рамзи устуворӣ, хирадмандӣ ва пешрафти мардуми Озарбойҷон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
“Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон имрӯз намунаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории созанда мебошанд. Робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ доранд, ки онҳоро арзишҳои муштарак ва суннатҳои дӯстона муттаҳид месозанд”, - қайд мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид намуда, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷонро рӯйдоди муҳим дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун як давлати воҳид, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ арзёбӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад