Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Урдун дар суҳбати телефонӣ масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуфтугӯ бо ибтикори ҷониби урдунӣ доир шуд. Дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ ва умури муҳоҷирони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Айман ас-Сафадӣ ширкат намуданд.
Ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ карда, ҳамчунин, дар хусуси масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом ду ҷониб ба зарурати густариши муколамаи сиёсӣ ва густариши муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Урдун таъкид намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Шоҳигарии Урдун равобити сиёсиву иҷтимоии беҳтарин дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад