27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
24.10.2025 16:14

Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои баландошёна ба нақша гирифта шудааст

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара таъкид шуд, ки дар маркази ноҳия 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна бунёд хоҳад шуд.

Бар асоси иттилои расмӣ нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар масоҳати 3861 гектар таҳия шуда, бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июли соли 2022 тасдиқ шудааст.

Тибқи ин нақша ҳудуди шаҳрак ба бахшҳои маъмурию ҷамъиятӣ, бунёди биноҳои баландошёна ва манзилҳои хусусӣ, ҳамчунин, минтақаҳои хизматрасонӣ ва анбор тақсим шудааст.

Ба таъкиди мақомот соли 2024 лоиҳаи муфассали ба нақша гирифтани кӯчаҳои марказӣ ва маҳаллаҳои Данғара барои 72 ҳазору 700 оила таҳия шуда, фонди манзилӣ беш аз 1,45 миллион метри мураббаъ хоҳад буд.

Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин, бунёди 8 мактаби миёна, 13 кӯдакистон, 46 иншооти ҷамъиятӣ ва савдо, ҳамчунин, 6 таваққуфгоҳи серошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ ва боғчаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.