27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
24.10.2025 08:56

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика ва об густариш хоҳанд дод

Вазирони энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи панҷумин нишасти вазирони масъули захираҳои обии кишварҳои исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ оид ба роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва омодагӣ барои баргузории нишасти ояндаи Комиссияи муштараки байнидавлатии ду кишвар дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бар асоси иттилои расмӣ дар мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин, ҷараёни иҷрои қарорҳои нишасти ҳабдаҳуми Комиссияи муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳарду ҷониб натиҷаи ҳамкориҳоро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти неругоҳи барқи обии Сангтӯда – 2 зикр кард, ки ин лоиҳа намунаи муваффақи ҳамкориҳои созандаи миёни ду кишвар дар соҳаи энергетика аст. Ӯ таъкид намуд, ки ин неругоҳ айни ҳол тақрибан аз 4 то 5 фоиз барқи истеҳсолии кишварро таъмин мекунад. Бар асоси созиши ду ҷониб идоракунии неругоҳи Сангтӯда-2 то поёни соли 2032 дар ихтиёри ҷониби Эрон боқӣ хоҳад монд.

Ду вазир, ҳамчунин, ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои энергияи барқароршаванда, идоракунии захираҳои обӣ ва иҷрои тарҳҳои муштараки оянда таъкид карда, омодагии худро барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва илмии миёни ду кишвар изҳор доштанд.

Далер Ҷумъа дар суханронии худ дар нишасти вазирони масъули захираҳои обии кишварҳои исломӣ низ таъкид кард, ки Тоҷикистон ба масъалаи обу иқлим ба ҳайси авлавияти стратегии миллӣ менигарад ва иқдомҳои ин кишвар дар ин замина аз сӯи СММ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтааст.

“Гузар ба иқтисоди сабз аз ҳадафҳои миллии мост. Дар айни замон беш аз 98 фоизи барқи Тоҷикистон аз неруи обӣ тавлид мешавад ва ин кишвар ният дорад то соли 2032 истеҳсоли садфоизаи барқро аз сарчашмаҳои барқароршаванда амалӣ созад”- зикр намуд Далер Ҷумъа.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.