27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:55, Душанбе
23.10.2025 09:26

Поёни музокирот бо Эрон, яъне оғози ҷанг. Оё Амрико ин хатарро мепазирад?

Ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷоми музокирот бо Эронро ба маънои оғози ҷанг бо Теҳрон медонад. Аз ин рӯ, Вашингтон ҳич гоҳ парвандаи гуфтугӯ бо Эронро бо сабаби хароҷоти гарони ҷанг бо ин кишвар намебандад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ормони миллӣ”-и чопи Эрон парвандаи Эрон дар сиёсатҳои Амрико ва дидаи ҳокимони Теҳрон нисбат ба рафтори амрикоиҳо дар муносибат бо Эрон, ба яке аз печидатарин ва пуразаматтарин масъалаҳои робитаҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Амрико барои Эрон парвандаи махсусе дар марказҳои таҳлилӣ ва ниҳодҳои қабули қарор ташкил додааст, ки бар асоси он бояд бо Эрон, ки бо такя ба қудрати низомӣ мавқеи худро дар минтақа устувор кардааст, ба ҳайси як рақиби минтақавӣ ва ҳатто душмани идеологӣ рафтор шавад. Бо вуҷуди ин, дар дохили Амрико стратегияе дар хусусӣ аз байн бурдани нақши Эрон дар минтақа дида намешавад.

Ба гунае, ки ин кишвар бо хоҳиши Исроил дар хусуси маҳдуд сохтани қудрати атомии Эрон розӣ мешавад, вале бо пешниҳоди тағйири ҳукумати Эрон аз сӯи Исроил мувофиқат намекунад. Дар натиҷа ҳукумати имрӯзии Амрико мекӯшад, миёни Эрон ва Исроил як навъ созиши оташбас барқарор кунад.

Лаҳзаи музокирот

Дар раванди музокироти миёни Эрон ва Амрико низ ҳамин вазъият ҳукмфармо аст. Ба ин маънӣ, ки Вашингтон музокирот бо Эронро яке аз сиёсатҳои асосии худ эълон мекунад, вале омода нест, бо Эроне, ки дар остонаи атомӣ шудан қарор дорад, аз мавқеи баробар вориди музокирот шавад. Зеро барномаи ғанисозии уран дар Эрон дар назари Амрико абзоре барои Теҳрон буд, то талаботи худро дар музокирот баён кунад.

Аз ин ҷост, ки Амрико ба воситаи бомбаборони муассисаҳои атомии Эрон ҳадаф дошт Теҳронро водор кунад, бо дасти холӣ ба мизи гуфтугӯ баргардад, то ҳам имтиёзҳои камтар диҳад ва ҳам хатари атомӣ шудани Эронро бартараф кунад.

Бинобар ин, дар давраи ҳукумати Доналд Трамп “лоиҳаи музокирот бо Эрон” дар воқеъ лоиҳаи фаҳми ниёзу ҳадафҳои Эрон набуд, балки талоше буд, барои ошкор намудани ниятҳои Теҳрон ва фаъолиятҳои низомию атомии он.

Музокира дар соя

Ба назари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фарҷоми музокирот бо Эрон ба маънои оғози ҷанг бо Теҳрон аст. Аз ҳамин сабаб, Вашингтон ҳич гоҳ дари музокиротро ба таври комил намебандад, зеро ҷанг бо Эрон барои он бисёр гарон тамом хоҳад шуд.

Ҳарчанд мақомоти Эрон расман эълон намуданд, ки ҳоло ҳич музокироте дар ҷараён нест, вале барои Амрико ин ба маънои поёни гуфтугӯҳоро надорад. Сарчашмаҳои минтақавӣ мегӯянд, ки Амрико ба воситаи кишварҳои миёнҷӣ ба Эрон паём мефиристад.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар хусуси эҳтимоли музокира бо Амрико ва нақши Миср гуфт: “Тамосҳо миёни мо ва ҷонибҳои муқобил бо миёнҷигарии кишварҳои дигар то ҳадде идома доранд, вале ин ба маънои ворид шудани мо ба марҳилаи музокира нест. Музокира вақте сурат мегирад, ки ҳарду ҷониб ҳуқуқи якдигарро эҳтиром кунанд. Мо ҳанӯз дар ин марҳила нестем. То вақте ки интизориҳои зиёд вуҷуд доранд, ин раванд шакл намегирад”.

Ҳамзамон дар суҳбати ду музокиракунандаи собиқи амрикоӣ – Ҷаред Кушнер ва Стив Уиткофф ишора шудааст, ки паёмҳо миёни Эрон ва Амрико дар ҳоли мубодила мебошанд.

Эътирофи нохоста аз сӯи Уиткофф

Стив Уиткофф дар барномаи телевизионии “60 дақиқа” дар шабакаи телевизионии “CBS” гуфт: “Эрониҳо бо мо дар тамос мебошанд. Мо омодаем, ки бо Эрон ба як роҳи ҳалли дипломатии дарозмуддат даст ёбем”.

Ӯ афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли гуфтугӯ бо Эрон дар бораи масъалаҳои вобаста ба оташбас дар Ғазза низ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон қаблан дар посух ба ин изҳороти мақомоти амрикоӣ гуфта буд: “Эрон ҳамеша омодаи муколамаи дипломатии бо эҳтиром ва мутақобил буда ва хоҳад буд”.

Дар ниҳоят

Гирдоварӣ ва ирсоли паёмҳо миёни Эрон ва Амрико ҳатман ба маънои музокираи расмӣ нест, ҳатто дар мавриди парвандаи атомӣ ҳам. Вале ин раванд нишон медиҳад, ки ҳарду ҷониб мехоҳанд дарҳои гуфтугӯ ва роҳҳои эҳёи дипломатияро боз нигаҳ доранд, зеро аз диди ҳарду кишвар бастани ин дарҳо метавонад дарвозаҳои ҷаҳаннамро ба сӯи сарчашмаҳои онҳо боз кунад.

Аз ҳамин ҷост, ки ҳам дар Теҳрон ва ҳам дар Вашингтон талош мешавад, ба воситаи кишварҳои миёнҷӣ, ки ҳоло Миср нақши асосиро дорад, аз болоравии сатҳи таниш пешгирӣ шавад.

Дар дохили Эрон низ сиёсати “сабр ва интизор” пеш гирифта шудааст, то Амрико маҷбур гардад ҳуқуқи атомии Эрон, аз ҷумла ғанисозии уранро ба расмият шиносад ва дар қадамҳои баъдӣ ба бекор кардани таҳримҳо розӣ шавад.

Ба асоси гуфтаи таҳлилгарон Теҳрон бо ин сиёсат мехоҳад бо “харидани вақт” дасти ҳукумати кунунии Амрикоро аз қабули қарор дар мавриди Эрон кӯтоҳ кунад, то тағйироте дар сохтори қудрати Амрико ба вуҷуд ояд.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки муносибатҳои имрӯзаи миёни Эрон ва Амрико – музокира дар ҳоли хомӯшӣ аст.

Паёмҳо бо муҳтавои дипломатӣ миёни ду ҷониб мубодила мешаванд, вале тафсилоти аслӣ ва амиқи масъала ҳанӯз ошкор намешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.