27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
22.10.2025 17:34

Мулоқоти Трамп ва Путин зарбаи шадид ба Аврупо хоҳад зад

Як рӯзномаи британиягӣ мулоқоти эҳтимолии Доналд Трамп ва Владимир Путин дар Будапешти Аврупоро “зарбаи сахт” ба Аврупо номидаааст.

Рӯзномаи “Телеграф”-и чопи Лондон навишт, ки интихоби Маҷористон ба ҳайси макони мулоқоти ин ду роҳбар Иттиҳоди Аврупоро норозӣ кардааст, зеро ин созмон аз музокироти сулҳи Украина канор монда ва дар тарҳи сулҳи Ғазза нақши ночиз иҷро намудааст.

Тибқи навишти рӯзнома интихоби Маҷористон фақат бо иллати робитаҳои наздики сарвазири ин кишвар Виктор Орбан бо Трамп ва Путин нест, балки ба он вобаста аст, ки Будпешт аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ хориҷ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо замоне Маҷористонро барои гуфтугӯ бо Русия “мавриди танқид” қарор дода буд, вале ҳоло Доналд Трамп ин кишварро дубора ба маркази сиёсатҳои ҷаҳонӣ боз гардондааст.

Ин иқдом, ба навиштаи рӯзномаи “Телеграф” як пирӯзии бузург барои Орбан ба шумор меравад, зеро ӯ ҳоло ба ҳайси як миёнҷии муҳимми сулҳ дар ҷаҳон шинохта мешавад.

Дар поёни матлаб рӯзнома бо лаҳни тамсилии хос навиштааст: “Орбан эҳсос мекунад, гӯё гурбае бошад, ки тозатарин ва болаззаттарин косаи яхмосро хӯрдааст”.

Чанде қабл расонаҳо хабар доданд, ки эҳтимолан Путин ва Трамп доир ба ҷанги Украина дар Будапешт дидор хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.