Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Financial Times: “Трамп ба Зеленский дашном медод ва мегуфт, ки шартҳои Путинро қабул кун”
Сарчашмаҳои огоҳ ба рӯзномаи Financial Times гуфтаанд, ки мулоқоти ду рӯзи пеши президентҳои ИМА ва Украина дар Кохи сафед бо таниш сурат гирифт. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни ин нишаст баҳсу мунозираҳои шадид миёни Доналд Трамп ва Владимир Зеленский рӯй дода, Доналд Трамп “мудом дашном медод”.
Тибқи навиштаи ин манобеъ, Доналд Трамп аз Зеленский талаб намудааст, ки шартҳои Русияро барои поён додан ба ҷанг бипазирад ва бо истинод ба суханони президенти Русия ҳушдор додааст, ки агар Украина бо Маскав созиш накунад, “Русия онро нобуд хоҳад кард”.
Гуфта мешавад, ки Доналд Трамп харитаи вазъи неру ва ҷабҳаҳоро, ки аз сӯи Владимир Зеленский пешниҳод гардида буд, ба як сӯ партофта, исрор доштааст, ки Зеленский ҳамаи минтақаи Донбасро дар шарқи Украина ба Путин таслим кунад. Ӯ чандин маротиба нуқтаҳоеро такрор намудааст, ки қаблан дар тамоси телефонӣ аз Путин шунида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”