27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
15.10.2025 11:08

Машқҳои минтақавии “Бирлик-2025” дар Самарқанд оғоз гардид

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дирӯз, 14-уми октябр машқҳои минтақавии “Бирлик-2025” дар машқгоҳи таълимии “Каттақурган”- и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман оғоз гардид.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи ин машқҳо муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Норбаев Алишер, фармондеҳони Ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайатҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони як қатор мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ва дигар шахсони расмии кишвари қабулкунанда иштирок карданд.

Дар машқҳои минтақавии “Бирлик-2025” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва як воҳиди низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби роҳбари машқҳои минтақавӣ ба ситоди таълимгирандагон, ки дар ҳайати он гурӯҳи амалиётии ҳайати ҳарбии Тоҷикистон шомил мебошад, вобаста ба машқҳо фармоиши ҷангӣ дода шуд.

Инчунин дар доираи машқҳо таҳти унвони “Тирандози тактикӣ” мусобиқаи тирпарронӣ низ баргузор гаштааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.