Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Владимир Путин пас аз сафари чоррӯза ба Русия баргашт
Хадамоти матбуоти Президенти кишвар аз анҷоми сафари президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ менависад, ки шоми 12-уми октябр президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ ба Русия баргашт.
Иттилоъ дода мешавад, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8-ум то 12-уми октябр идома карда, аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
“Санади аз ҳама муҳим - Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расид”, - зикр мегардад дар иттилоияи хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Ёдовар мешавем, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд Владимир Путинро гусел намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”