27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
11.10.2025 09:33

Путин: “Исроил мехоҳад масъалаҳои Эронро тариқи дипломатӣ ҳал кунад”

Владимир Путин, президенти Русия, хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил аз Маскав хостааст ба Эрон паёмҳое ирсол кунад, ки дар онҳо Исроил ба ҳаллу фасли дипломатӣ ва созишомези масъалаҳо бо ин кишвар ваъда медиҳад.

Ба гуфтаи хабаргузории давлатии Русия, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, 9-уми октябр, дар дуюмин нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд, дар бораи тамоси охираш бо Бенямин Нетаняҳу гуфт: “Мо паёмҳое гирифтем, ки онҳоро бояд ба дӯстони эронӣ расонем. Дар ин паёмҳо таъкид шудааст, ки Исроил ба ҳалли дипломатӣ ва созишомези масъалаҳо содиқ аст ва ба ягон намуди бархӯрд майл надорад”.

Путин илова кард, ки Русия ба тамосҳои боэътимод бо Исроил идома медиҳад.

Президент пештар низ дар тамоси телефонӣ бо сарвазири Исроил таваҷҷуҳ ва хоҳиши худро барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли дипломатӣ дар доираи музокирот дар масъалаи ҳастаии Эрон таъкид карда буд.

Владимир Путин инчунин, ба дидори охираш бо Рафаэл Гросси, директори генералии Созмони байналмилалии энергетикаи ҳастаӣ дар Маскав ишора кард ва гуфт: “Дар ин дидор мо муфассал дар бораи масъалаи ҳастаии Эрон гуфтушунид кардем ва Гросси ба ваъдаи Эрон барои ҳалли ҳамаи масъалаҳо ишора кард”.

Путин афзуд, ки масъалаҳои техникӣ ҳанӯз боқӣ мондаанд, аммо бо иҷрои созишҳои мавҷуда, расидан ба созиши ниҳоӣ дар бораи ин масъалаи мураккаби минтақавӣ имконпазир хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.