Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Рӯзномаҳои Покистон ҷузъиёти кушта шудани роҳбари гурӯҳи Таҳрики Толибон дар Кобулро нашр карданд
Рӯзномаи “Pakistan Observer” хабар додааст, ки раҳбари ҳаракати “Толибони Покистон” (TTP) дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, кушта шудааст.
“Pakistan Observer” аз қавли манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба мошини Нур Валӣ Маҳсуд, ӯ ҳамроҳ бо Қорӣ Сайфулло Маҳсуд ва Холид Маҳсуд, ки ворисони эҳтимолиаш дар роҳбарии гурӯҳ буданд, дар маркази Кобул ба ҳалокат расиданд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, Нур Валӣ Маҳсуд дар вақти ҳамла бо мошин дар шаҳр озодона ҳаракат мекард, аммо то ҳол марги ӯ аз сӯи манобеи расмӣ тасдиқ нашудааст.
Ин ҳамла дар ҳоле иттифоқ афтод, ки амалиёт алайҳи раҳбарони “Толибони Покистон” шиддат гирифтааст, гарчанде паёмадҳои он барои сохтори фармондеҳии ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳанӯз маълум нест.
Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки ин ҳамла метавонад боиси иқдоми интиқомҷӯёна ё тағйирот дар дохили ин ташкилоти ниманизомӣ гардад.
Ҳамлаи ҳавоӣ ҳамзамон бо ду таркиши шадид ва тирпарронии густурда дар минтақаи 8-уми шарқии Кобул рух дод. Сокинони маҳаллӣ аз ҳарос ва изтироби мардум пас аз таркишҳо дар маҳаллаҳои атроф хабар доданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳои тасдиқнашудае нашр шудаанд, ки аз парвози ҳавопаймоҳо дар осмони шаҳр ҳикоят мекунанд: маводе, ки гумонҳоро дар бораи ҳамлаҳои дигар афзоиш додааст.
Манобеи ғайрирасмӣ ҳамчунин, иддао доранд, ки ҷетҳои ҷангӣ чанд ҳадафро дар дохил ва атрофи Кобул мавриди ҳамла қарор додаанд. Агар ин хабар тасдиқ шавад, он метавонад нишонаи авҷи нав дар танишҳои миёни Покистон ва Афғонистон бошад.
Толибони Афғонистон то ҳоло дар бораи табиати ин ҳамла изҳори назар накардаанд ва танҳо аз шаҳрвандон хостаанд, ки ҳушёр бошанд.
Дар ҳамин ҳол, қарор аст Аҳмад Шариф Чаудрӣ, роҳбари равобити умумии артиши Покистон, имрӯз дар қароргоҳи артиши ин кишвар дар Пешовар нишасти матбуотӣ баргузор кунад ва ҷузъиёти расмӣ ва охирин маълумотро дар бораи ин амалиёт шарҳ диҳад.
Забеҳулло Муҷоҳид шаби панҷшанбеи 17-уми меҳри соли 1404 (мутобиқ ба 9-уми октябри 2025) дар шабакаи “X” навиштааст:“Садои як таркиш дар шаҳри Кобул шунида шуд. Мардум нигарон набошанд, вазъият муътадил аст. Тафтишот дар бораи ин ҳодиса идома дорад ва то ҳол талафот ё хисорот гузориш нашудааст.”
Ҳамзамон расонаи “Republic World” гузориш дод, ки шаби панҷшанбе садои чанд таркиши пурқувват дар нуқтаҳои мухталифи Кобул шунида шуд, ки боиси воҳимаи сокинон гардид. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал ду таркиши сахт ва сипас, садои парвози ҳавопаймо дар осмон шунида шудааст.
Бар асоси гузоришҳои ибтидоӣ, ин таркишҳо дар минтақаи 8-уми шарқии Кобул, ки дар он идораҳои муҳимми давлатӣ ва манзилҳои зистии зиёд ҷойгиранд, рух додаанд. Сабаби дақиқи таркишҳо ҳанӯз маълум нест, аммо эҳтимоли ҳамлаи ҳавоӣ рад намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”