Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ суҳбат карданд
9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом доданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки муколамаи мунтазами миёни ду кишвар ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон такони тоза мебахшад.
Дар мулоқот афзоиши робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ миёни кишварҳо таъкид шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, зарурати ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, махсусан дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъкид гардид.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ аз мавзуъҳои дигари муҳимми мулоқот буд. Дар бахши нақлиёт, ҷонибҳо аҳамияти парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳо ва истифодаи имконоти транзитиро барои интиқоли бор муҳим донистанд.
Дар робита ба ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, ҷонибҳо дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанг ва афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули назар карданд.
Дар анҷом, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”