27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
10.10.2025 11:12

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кард

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.

Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо бо Арманистон аҳамияти махсус медиҳад ва манфиатдор аст, ки ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо рушд ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ба соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нерӯи «сабз» ва саноат таваҷҷуҳи вижа зоҳир шуд. Ҷонибҳо зарурати фаъол кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро таъкид карданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои афзоиши гардиши мол, роҳандозии форумҳои тиҷоратӣ ва густариши муколамаи байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Арманистон ҳамчунин, оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ табодули назар карданд.

Ҷонибҳо дар поён изҳор доштанд, ки ҳамкории фаъол дар доираи созмонҳои байналмилалӣ идома хоҳад ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.