27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
10.10.2025 17:35

Эмомалӣ Раҳмон бо медали олитарини ИДМ сарфароз гардид

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” аз сӯи Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” сарфароз гардиданд.

Қарори тақдими ин ҷоиза аз сӯи Михаил Шведкой, ҳамраиси Раёсати ХБҲБ ва намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар ҷараёни маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ эълон шуд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷоиза ба унвони эътирофи саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим шуд.

Баъди маросими супоридани ҷоиза Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз қадрдонии баланд сипосгузорӣ намуда, таъкид карданд, ки ин ҷоизаро “на  ҳамчун қадршиносии шахсӣ, балки ҳамчун эътирофи саҳми тамоми мардуми Тоҷикистн дар рушди робитаҳои башардӯстона ва фарҳангӣ дар фазои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил” арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон ин қадршинсӣ нишонаи эътирофи нақши фазояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариш додани ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона дар минтақаҳои ҷаҳони пасошӯравӣ мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.