Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”.
Амалисозии тавофуқоти қаблан ба дастомада зарур шумурда шуд.
Ба истифодаи самараноки имконоти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки мо бояд доираи муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитариро васеъ созем.
Ҳамкории наздики кишварҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, атрофи таҳкими ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вокуниш ба таҳдиду хатарҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”