Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”.
Муҳимияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд.
Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба зиёд намудани номгуйи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои башарӣ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг ҳам аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”