27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
09.10.2025 14:25

Душанбе: Нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия

Баъд аз маросими имзову табодули санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, зимнан аз натиҷаҳои мулоқоти музокироти давлатии сатҳи олӣ изҳори қаноат намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишаст, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “гуфтугӯи мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сатҳи баланди муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русияро таъкид менамояд”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз натиҷаҳои музокироти давлатии сатҳи олӣ батафсил иттилоъ дода, аз ҷумла аз аҳамияти тавофуқоти доир ба рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва ҳамчунин дар соҳаҳои амнияту мудофиаро таъкид намуданд.

Зимнан ба муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди 5 мактаби русӣ ва Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, таъмини китобҳои дарсии русӣ ва сохтмони Театри русии драма ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе арзи сипос карда шуд.

Ба ҷараёни ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои дифоии ду кишвар, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, баҳои баланд дода шуд.

Муносибати наздики Тоҷикистону Русия доир ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.

Муҳтарам Владимир Путин зимни ироаи изҳороти матбуотӣ ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ва пазироиву меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.