27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
08.10.2025 10:59

Чорабиниҳои дарпешистода: Аз сафари Владимир Путин то баимзорасии санадҳои муҳимми ҳамкорӣ

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми октябри соли 2025 як қатор чорабиниҳои баланди сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Саммити роҳбарони давлатҳо дар сиғаи "Осиёи Марказӣ – Русия", Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки 8–9-уми октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия, муҳтарам Владимир Владимирович Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафари давлатӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар назар дошта шуда, музокирот дар сиғаҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд, инчунин, имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи вохӯриҳо, нишасти матбуотии роҳбарони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.

9-уми октябри соли 2025 президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия»-ро доир менамоянд. Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони давлатҳо масоили васеи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи саммит баёния ва нақшаи амалиёти муштарак қабул хоҳанд шуд.

10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар “Қасри миллат” таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ Президенти Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон – Никол Пашинян, Президенти Беларус – Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон – Содир Жапаров, Президенти Русия – Владимир Путин, Президенти Туркманистон – Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ташриф меоранд.

Роҳбарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи ИДМ дода мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои ИДМ санадҳои муҳиммеро имзо хоҳанд кард, ки барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин қолаби  бисёрҷониба мусоидат мекунанд.

9-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мегардад.

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои асосии тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ИДМ-ро дар бар мегирад.

Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи Саммити дарпешистодаи роҳбарони давлатҳои ИДМ-ро муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.