27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
07.10.2025 10:29

“Тӯфони Ақсо”. Аз таҳқири саҳюнистҳо то шикасти афсонаи артиши шикастнопазир

Исроил даҳҳо сол тасвири бартарии низомӣ, дониши пурра дар соҳаи иттилоот ва назорати беқарорро барои худ эҷод карда буд. Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ин тасвирро фақат дар як субҳ аз ҳам фурӯ пошид.

Амалиёти ҷасуронаи мақовимати Фаластин, ки 7-уми октябри соли 2023 ба ҳайси “Тӯфони Ақсо” анҷом шуд, ба як бедории ҷаҳонӣ табдил ёфт. Як муқовимати ахлоқӣ, маънавӣ ва сиёсӣ бар зидди истилогарӣ ва беадолатӣ.

Таҳлили Навоф Такрорӣ

Навоф Такрорӣ, раиси ҳайати уламои Фаластин ба муносибати соли дуюми ин амалиёт дар як суҳбати ихтисосӣ бо сомонаи хабарии “Илка”, таҳлили амиқеро дар хусуси аҳамияти ин рӯйдод, таъсири он бар режими истилогар ва авҷи генотсит дар Ғазза пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, амалиёти “Тӯфони Ақсо” чеҳраи аслии истилогаронро ошкор намуд ва пас аз солҳо нодида гирифтани ҳақиқат ва хиёнат, ормонҳои Фаластинро эҳё кард.

Дар идомаи таҳлили Навоф Такрорӣ аҳамияти амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” ва самароти онро мутолиа кунед:

“Тӯфони Ақсо афсонаи артиши шикастнопазири Исроилро шикаст

Исроил даҳҳо сол худро бо бартарии низомӣ, дониши иттилоотӣ ва назорати мутлақ тасвир мекард. Амалиёти Тӯфони Ақсо ин тасвирро фақат дар як саҳар аз ҳам пошонд. Ин тӯфон қудрати душманро ба таври боварнокарданӣ шикаст дод. Режими Исроил дар назди ҷаҳониён таҳқир шуд.

Ин амалиёт он чизеро, ки пинҳон буд, ошкор кард. Хароб намудани беморхонаҳо, мактабу масҷидҳо, қатли кӯдакон ва занон, дурӯғгӯии касоне, ки даъвои ҳимояи ҳуқуқи инсонро доштанд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо барои ҷаҳониён рӯшан шуд. Қобилияти муқовимат дар дохил ба минтақаҳои таҳти назорати Исроил, тасарруфи пойгоҳи низомӣ ва ба асорат гирифтани неруҳои ин кишвар зарбаи равонӣ ва стратегӣ ба истилогарон зад, ки аз соли 1948 бесобиқа буд.

Қатли омм аз рӯи нанг ва на аз рӯи қудрат

Баъди ин амалиёт режими Исроил ҳамлаи ҳамаҷониба ба Ғаззаро оғоз кард: як маъракаи қатли омм, бо эҷоди қаҳтӣ ва харобкорӣ, ки ҳоло вориди соли дуюм шудааст. Ин ҷиноятҳо на аз худбоварӣ, балки аз тарсу таҳқир сар мезанад.

Ҳар ҷинояте, ки истилогарон имрӯз анҷом медиҳанд, на аз рӯйи қудрат, бал аз рӯйи тарсу ваҳм ба назар мехӯрад. Қатлҳо аз сари афкори девонагӣ мебошад. Онҳо назорати ақл, обруи низомӣ ва мақоми ахлоқии худро аз даст додаанд. Онҳо мекӯшанд, то қавӣ ба назар расанд, вале ҳар бомбаи андохташуда фақат заифии онҳоро бештар ошкор мекунад.

Бо вуҷуди шумори зиёди қурбониён, беш аз 67 ҳазор шаҳид ва беш аз 170 ҳазор захмӣ мардуми Ғазза ҳамоно устуворанд. Оилаҳои гирифтори гуруснагиву қаҳтӣ, овора ва бехона ҳама ҳолатро таҳаммул мекунанд, аммо замини худро тарк наменамоянд. Қудрати душман холӣ аст. Ин устувории мардум аст, ки онҳоро ба тарс андохтааст.

Тӯфон ба ҷаҳон расид

Амалиёти Тӯфони Ақсо ба марзҳои Ғазза маҳдуд намонд ва таъсироти он дар тамоми қораҳо паҳн шуд. Риёкории истилогаронро ошкор кард ва ҳамбастагиро ба бор овард. Ин тӯфон ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Чеҳраи инсоният ва принсипҳои мардуми озод, донишҷӯён, фаъолон ва шаҳрвандоне, ки дар кӯчаҳои Лондон, Ню-Йорк, Мадрид ва Ҷакарта ҷамъ омада буданд, ба тасвир оварда шуд. Ҳамзамон, дурӯғи демократияҳои Ғарб аз Вашингтон ва Порис то Берлин, ки роҳбарони онҳо сухан ва озодӣ мегӯянд, аммо аз қатли омм пуштибонӣ мекунанд, ошкор шуд.

Аз октябри соли 2023 миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба эътирозҳои беназири ҳимоят аз Фаластин ҳамроҳ шудаанд, дар ҳоле ки чанд давлат, аз ҷумла Испания, Ирландия ва Африқои Ҷанубӣ мавқеъҳои шуҷоъона бар зидди ҷиноятҳои режими Исроил гирифтаанд. Дар муқобил дифоъгарони ба ном ҳуқуқи инсон дар Амрико ва Аврупо ба истилогарон силоҳ дода, қатъномаҳои оташбас дар Созмони Милали Муттаҳидро вето кардаанд, ки ин ноумедии ҷаҳонӣ аз роҳбарии ахлоқии Ғарбро амиқтар намудааст.

Тарҳи одисозии равобит шикаст хӯрд

Қабл аз тӯфон, чанд кишвари арабӣ ба сӯи одӣ кардани равобит бо режими Исроил шитоб мекарданд. Имрӯз ин лоиҳаҳо ба хароба табдил ёфтааст. Ин тӯфон роҳи одӣ кардани равобитро барои ҳар шахси бошараф бастааст. Касоне, ки пештар ҷустуҷӯ мекарданд, истилогарро пазиранд, ҳоло дар назди мардумонашон шарманда ва хомӯшанд. Агар одӣ кардан идома ёбад, он аз ҷониби роҳбарони фосид хоҳад буд, на миллатҳо. Мардумони уммати исломӣ каломи охиринро гуфтаанд: Фаластин фурӯхтанӣ нест.

Аз Марокаш то Индонезия хашми умумии мардум кишварҳоро таҳти фишор гузоштааст, то равобит бо режими Исроил бознигарӣ шавад. Афкори умум дар ҷаҳони ислом ба таври қатъӣ ба ҷонибдории муқовимати Фаластин ва бар зидди касоне, ки бо Тел-Авив ё Вашингтон ҳамроҳ мебошанд, тағйир кардааст.

Ҳич қарор бе муқовимати майдон гирифта намешавад

Лоиҳаи ахири пешниҳодшуда аз сӯи Доналд Трамп, Президенти Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, Сарвазири режими Исроил чизе ҷуз кӯшиши барқарор кардани ҳукмронии истиқлолият нест. Ин як нақшаи сулҳ нест. Ин як “Сайкс Пико”-и нав аст, ки барои тарҳрезии боз минтақаи таҳти ҳокимияти Исроил-Амрико омода шудааст. Ҳич қарор дар хусуси Ғазза ё Фаластин бе назардошти ҷиҳодчиён дар майдон гирифта намешавад. Ҳар кишваре, ки бар зидди ин амал мекунад, хиёнат кардааст.

Агар нақшаи Трамп қабул шавад, истиқлол ба таври ҳамеша аз байн меравад. Ё ин кишварҳо онро ошкоро рад мекунанд ё сарнавишти хиёнаткоронро хоҳанд дошт. Ин нақшаи пешниҳодшуда доир ба хориҷ шудани Исроил аз Ғазза намегӯяд ва ба ҷои он назорати хориҷиро ба ҳокимияти он таҳмил кардан мехоҳад. Трамп ва Нетаняҳу мехоҳанд идораи истиқлолро бо назорати худ таъсис диҳанд. Ин сулҳ нест, балки идомаи ғарб ва истило ба шакли дигар аст.

Идомаи истило, на поёни ҷанг

Нақшаи сулҳи Трамп ба маънии густариши истилогарӣ аст. Ҳар созишномаи воқеӣ бояд баромадани пурраи неруҳои исроилӣ, озодии маҳбусони фаластинӣ ва эътирофи як давлати мустақили Фаластинро дар бар гирад. Он чизе, ки пешниҳод шудааст, як шакл аст. Ин истило на фақат Фаластин, балки ҳар кишвари арабиро фаро мегирад, ки онро имзо кунад. Паёмҳои Ғазза рӯшананд: ин созишро қабул накунед. Ин амал қатлу зулмро хотима намедиҳад, балки онҳоро афзоиш медиҳад.

Бедории ахлоқӣ барои инсоният

Амалиёти Тӯфони Ақсо берун аз майдони ҷанг низ бедории ахлоқиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овард. Суратҳои устувор ва имон аз Ғазза, ҳаракатҳоеро дар саросари ҷаҳон илҳом бахшид ва фаъолон, донишҷӯён ва шаҳрвандони одӣ хомӯшии кишварҳои худро ба чолиш кашиданд.

Мардумони Ғазза бо ранҷҳои худ виҷдони ҷаҳониёнро бедор карданд. Ҷавонон дар донишгоҳҳои Ғарб, мардуме, ки дар кӯчаҳо эътироз мекунанд, касоне, ки таҳрим мекунанд ва ҳақиқатро мегӯянд, ин ҳама натиҷаҳои Тӯфони Ақсо аст. Дар асл, ин амалиёт ҳаракатҳои гуногунро зери як даъвати муштарак барои адолат муттаҳид кард. Иттиҳодҳои зиддиҷангӣ, фаъолони истиқлолгарӣ ва ҷомеаҳо бар пояи имон, ки ҳамдастагии ҷаҳонӣ, ба мисли мубориза бар зидди қатли омм дар Африқои Ҷанубиро эҳё кардаанд.

Имон, муқовимат ва ваъдаи наҷот

Истилогарон бовар доранд, ки харобӣ метавонад руҳи фаластиниҳоро хомӯш кунад, вале ҳар хонае, ки хароб шудааст, ҳар кӯдаке, ки шаҳид шудааст, метавонад иродаи фаластиниҳоро тақвият бахшад. Истило фақат пас аз фурӯпошии комил ва нобуд кардани тасвири дурӯғинаш нест хоҳад шуд. Муқовимати решадор дар имон ва адолат, ягона роҳи наҷот аст. Ҷиҳодчиён дар Ғазза на барои қудрати сиёсӣ, балки барои шарафи ин уммат меҷанганд. Онҳо виҷдони замони фаластиниҳост. Ҳич созишнома, ҳич қудрат, ҳич фишори хориҷӣ наметавонад онҳоро хомӯш кунад ё фидокории онҳоро нобуд созад.

Мероси фаротар аз марзҳо

Ду сол баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо мубориза барои Фаластин аз як муқовимати маҳаллӣ ба як ҳаракати исломии фарогир ва ҷаҳонӣ табдил ёфт. Амалиёти мушакии Яман бар режими Исроил, даргириҳои марзӣ бо Ҳизбуллоҳ ва эътирозҳои ҳамбастагӣ аз Ҷакарта то Гамбург, ҳама шаҳодати густариши ҷабҳаи муқовимат аст.

Муборизаи Фаластин ба як нуқтаи ахлоқии ҷаҳони ислом табдил ёфтааст. Ормонеро, ки риёкории золимонро ошкор месозад. Амалиёти Тӯфони Ақсо фақат як рӯйдоди низомӣ набуд. Ин рӯйдод, таваллуди дубораи як ормон, бедории як уммат ва оғози поёни истилогарии фарсударо ба вуҷуд овард".

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.