Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
1552 нафар исроилӣ дар ҷанги Ҳамос бо Исроил кушта шудаанд
Талафоти низомиёни Исроил дар ҷанги Ғазза аз ибтидо то ҳоло ба 1552 нафар расидааст.
Дар ин хусус рӯзномаи “Таймз оф Исроил” (“The Times of Israel”) хабар дода, навишт, ин сарбозон аз замони оғози ҷанг, яъне аз 7-уми октябри соли 2023 то ҳоло кушта шудаанд.
Бар асоси гузориш, ин сарбозон шомили афсарон, маъмурони полис ва неруҳои амниятии ғайринизомӣ буда ва бисёре аз онҳо дар ҷараёни даргириҳо дар Навори Ғазза, Лубнон ва Каронаи Бохтарӣ кушта шудаанд.
Омори нашрнамудаи Вазорати дифои Исроил нишон медиҳад, ки 42 фоизи сарбозони кушташуда синашон аз 21-сола буда, давраи хизмати иҷбориро сипарӣ мекарданд.
Ин омор аз ҷониби рӯзномаи “Таймз оф Исроил” дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти расмии Исроил аз нашри омори кушташудаҳои ҷанги Навори Ғазза худдорӣ мекунанд.
Бар асоси иттилои банашррасида, неруҳои низомии Исроил дар ҷанг бо Ҳамос талафоти зиёд дидаанд ва ҳатто гузоришҳо дар хусуси асир афтодани сарбозони исроилӣ дар вақти ҷанг нашр шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”