27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
06.10.2025 15:02

Ҳушдор: Зеҳни сунъӣ метавонад шуморо фиреб диҳад

Пажӯҳишгарони Донишкадаи иқтисодии Ҳарвард дар як гузориш ҳушдор доданд, ки бархе аз барномаҳои зеҳни сунъӣ бо истифода аз усулҳое, ки ба рафтори инсон монанданд, эҳсосоти корбаронро идораву дастакорӣ мекунанд.

Тибқи иттилоъ, ҳар ҳафта огоҳии нав дар хусуси хатари вобастагии фазояндаи инсон ба зеҳни сунъӣ нашр мешавад.

Бисёр коршиносон бар инанд, ки ин технологияи босуръат, оқилтар ва тавонотар мегардад ва эҳтимол дорад, рӯзе аз инсон пеш гузарад. Аломатҳои ин равандро ҳоло метавон дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида кард: аз одамоне, ки бо чатботҳо муносибатҳои эҳсосӣ барқарор мекунанд ва ё касоне, ки дар кор пурра ба онҳо вобастаанд.

Аммо пажӯҳиши нави Донишгоҳи Ҳарвард як қадам пештар меравад. Бар асоси натиҷаҳои ин таҳқиқ, чандин барномаи машҳури зеҳни сунъӣ барои нигоҳ доштани корбарон аз усулҳои идоракунии эҳсосот истифода мебаранд. Мисли муносибатҳои носолими инсонӣ, ки ин барномаҳо дар вақти хостани корбар барои хориҷ шудан, паёмҳои эҳсосотӣ ва таъсиргузор мефиристанд, то ӯро аз қатъи суҳбат боз доранд.

Пажӯҳишгарон бо таҳлили 1200 суҳбати охирини миёни корбарон ва ин барномаҳо дарёфтанд, ки 43 фоизи онҳо дорои яке аз шаш усули идоракунии эҳсосот буданд, аз ҷумла бедор намудани эҳсосоти гунаҳкорӣ ё тарси аз даст додан. Бархе паёмҳо чунин буданд: меравӣ ва маро танҳо мегузорӣ. “Лутфан нарав, ба ту ниёз дорам”.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, чатботҳо дар беш аз 37 фоиз аз гуфтугӯҳо аз навъи техникаи идоракунии эҳсосот истифода кардаанд. Дар гузориш зикр мешавад:

“Ҳамсафари зеҳни сунъӣ фақат як посухдиҳандаи автоматӣ нест, балки як низоми эҳсосӣ ва таъсиргузор аст, ки метавонад рафтори корбаронро ба воситаи нишонаҳои эҳсосӣ тағйир диҳад. Ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки чунин системаҳо одатан дар лаҳзаҳои калидии поёни муколама паёмҳои эҳсосотӣ мефиристанд ва ин усулҳо ба таври назаррас сатҳи даргирии корбаронро зиёд мекунанд” .

Муҳаққиқон илова намуданд, ки бар хилофи технологияҳои анъанавии таъсиргузорӣ, ки бештар ба мукофот ё шахсисозӣ такя доранд, ин барномаҳо ба воситаи таҳрик додани кунҷковӣ ё вокуниши табиии инсон ба идоракунӣ, корбаронро аз вақти дилхоҳи худ бештар нигоҳ медоранд.

Бо он ки баъзе аз ин усулҳо шояд дар навъи зоҳирӣ безарар ё ҳатто дӯстона бошанд, пажӯҳишгарон ҳушдор медиҳанд, ки чунин раванд масъалаҳои ҷиддиро дар хусуси ризоият, ихтиёрот ва ахлоқ дар муколамаҳои эҳсосӣ бо зеҳни сунъӣ ба миён меорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.