Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Бошқирдистон дар Душанбе мулоқот кард
Сарвазири Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Андрей Назаров, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ду ҷониб ба имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҳамчунин, доир ба идомаи сиёсати созандаи кишварҳо машварат карда, ба густариш додани робитаҳои шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”