Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Башор Асад дар шаҳри Маскав заҳролуд шудааст
Расонаҳои урдунӣ хабар доданд, ки Башор Асад, Президенти барканоршудаи Сурия дар шаҳри Маскав бо роҳи заҳролудкунӣ мавриди террор қарор гирифтааст.
Тибқи иттилоъ, Башор Асад ба воситаи ғизо мавриди заҳролудшавӣ қарор гирифта ва табибон ҷони ӯро наҷот додаанд.
Дидбони маъруф ба “Ҳуқуқи башари Сурия” гуфт, ки Президенти барканоршудаи Сурия дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба воситаи заҳролудшавии ғизоӣ мавриди сӯйиқасд қарор гирифтааст.
Раиси ин ниҳоди сурӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” паёме нашр кард ва дар он навишт, ки “Башор Асад рӯзи душанбеи гузашта аз бемористоне дар атрофи Маскав мураххас шуда ва вазъияти саломатии ӯ ҳоло хуб мебошад”.
Ин дидбон бо такя ба гуфтаи як сарчашмаи маҳрамона илова намуд, “гурӯҳе, ки ин амалро анҷом додааст, ният дорад, ки давлати Русияро дар тангно қарор диҳад ва онро ба террори Башор Асад муттаҳам кунад”.
Тибқи навиштаи расонаҳо, дар тӯли муддати бистарӣ шудани Башор Асад дар бемористон фақат ду нафар иҷозати мулоқоти ӯро доштаанд. Бародараш Моҳир Асад ва Мансур Аъзам, Дабири кулли собиқи умури раёсати Президенти Сурия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад