27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
02.10.2025 11:51

Моҷарои як акс: Оё Нетаняҳу аз рӯи матн аз сарвазири Қатар узрхоҳӣ кард?

Баъди нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки корбарон онро лаҳзаи узрхоҳии телефонии сарвазири режими Исроил аз ҳамтои қатарияш дар ҷараёни мулоқот бо президенти Амрико донистанд, суолҳову нофаҳмиҳое матраҳ шуд.

Рӯзномаи “Индия тудей” (“India Today”) дар гузориш ба аксҳои нашршуда аз Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ ва Доналд Трамп, президенти Амрико дар дафтари доирашакли Кохи сафед ишора намудааст. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки Бенямин Нетаняҳу машғули як гуфтугӯи телефонӣ мебошад. Расонаҳо иддо намуданд, ки ӯ аз Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазири Қатар барои ҳамлаи ахири Тел-Авив ба маҳалли иқомати мақомоти Ҳамос дар Давҳа узрхоҳӣ кардааст.

“Индия Тудей” бо ишора ба яке аз аксҳо, ки Нетаняҳуро бо як матн дар даст дар вақти гуфтугӯ нишон медиҳад, навишт: “Оё Нетаняҳу дар вақти узрхоҳӣ аз Қатар аз рӯи матн мехонад?”.

Ин суол баъд аз он ки Кохи сафед як акси сиёҳу сафедро нашр кард, ба мавзуи гарм табдил шуд. Дар он акс Доналд Трамп дар даст телефон дорад ва Бенямин Нетаняҳу ба назар мерасад, аз рӯи коғаз чизе мехонад.

Ин акс рӯзи душанбе дар дафтари базавии Кохи сафед гирифта шуда, гӯё лаҳзаи тамоси телефонии Бенямин Нетаняҳу бо сарвазири Қатарро сабт кардааст. Ба гуфтаи сарчашмаҳо, ин тамос аз сӯи Доналд Трамп ва дар ҷараёни дидораш бо Бенямин Нетаняҳу роҳандозӣ шуд. Бенямин Нетаняҳу дар ин гуфтугӯ барои дастур додани ҳамла ба роҳбарони Ҳамос дар Давҳа узрхоҳӣ намудааст.

Тибқи ин гузориш, Доналд Трамп дар аввал иддао дошта, ки аз ҳамла хабар надоштааст ва аз иқдоми якҷонибаи Нетаняҳу хашмгин шуда ва дар як гуфтугӯи шадиди  телефонӣ ин ҳамларо “ғайриоқилона” номидааст ва ҳушдор додааст, ки чунин амалҳо метавонад дипломатияи ҳассоси минтақаро ноустувор созад.

Қатар, ки нақши асосиро дар миёнҷигарии гуфтугӯҳои оташбаси Ғазза иҷро мекунад, ин ҳамларо “буздилона” ва нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ номида, маҳкум кард. Бенямин Нетаняҳу баъди ин ҳамла таъкид кард, ки Исроил масъулияти комили он рӯйдодро мепазирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.